Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” эълон кардаанд, ки сар аз соли нави 2011 қиммати истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ то 20 дарсад ва барои корхонаҳои саноатӣ то 25 дарсад боло хоҳад рафт. Сокинони барои ҳар киловат нерӯи барқ акнун 11 дирам пардохт хоҳанд кард.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, то кунун сокинони кишвар, ки барои истифодаи 1 киловат-соат нерӯи барқ 9 дирам пардохт мекарданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ёдгорӣ, болоравии қиммати истифодаи нерӯи барқ дар соли оянда ба арзон будани нархи барқ дар муқобили маҳсулоти дигар, ҳамчунон барои пешрафти ин бахш, аз ҷумла таҷдиди иншооти энержӣ ва сохтани нерӯгоҳҳои нав дар кишвар вобаста мебошад.

Масъулини ширкати “Барқи Тоҷик” яке аз сабабҳои дигари даст задан ба ин тасмимро ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои иҷрои барномаҳои энержӣ унвон кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархеи таҳлилгарон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон вазъи иқтисодии бисёре аз хонаводаҳои камбизоат дар ин кишвар боз ҳам душвортар хоҳад шуд.

Тасмими боло бурдаи нархи истифода аз нерӯи барқ дар ҳоле гирифта мешавад, ки аз ду моҳ ба ин ҷониб дар аксари манотиқи рустоии Тоҷикистон нерӯи барқ таввассути реҷаи махсус дода мешавад. Ва Тоҷикистон ҳамчунон ба бӯҳрони энержӣ, хоса норасоии нерӯи барқ гирифтор аст.

Ин дар ҳолест, ки Абдулло Ёров-раиси ширкати "Барқи Тоҷик" ба зердастони худ дар минтақаҳо ҳушдор додааст, ки дар сурати риоят нашудани маҳдудияти барқ дар минтақаҳо, аз мақомашон барканор хоҳанд шуд.

Вай дар ҷараёни як конфронси мустақими телефонӣ ба онҳо гуфтааст, вақтҳои ахир аз сокинони шаҳру ноҳияҳо зангҳои зиёди телефонӣ расидааст ва онҳо шикоят кардаанд, ки маҳдудияти барқ дар маҳали онҳо риоят намешавад, яъне бештар аз вақти пешбинишуда барқ хомӯш мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG