Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷулиан Ассенҷ дар Бритониё боздошт шуд


Ҷулиан Ассенҷ, муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks, ахиран аз сӯи полиси Бритониё дастгир шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, боздошти ӯ бар пояи дархости додситонии Шветсия сурат гирифтааст.
Аз ин пеш Марк Стивенс, вакили дифоъи Ассенҷ, изҳор карда буд, ки фарди таҳти ҳимояташ ба системи додгоҳии Шветсия эътимод надорад. Ба гуфтаи ӯ, муассиси WikiLeaks омода аст бо мақомоти полиси Бритониё музокирот кунад. Марк Стивенс афзуд, ки додситонии Шветсия аз ироаи далелҳои ҷиноётҳои содирнамудаи Ассенҷ сарпечӣ кардааст.
Ҷулиан Ассенҷ аз сӯи додситонии Шветсия дар таҷовуз ба номус ва чанд далели дастдарозӣ ба номуси занон айбдор мешавад. Ва аммо худи муассиси WikiLeaks ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки фишор болои ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва бо ифшои ахбори сиррӣ дар сомона марбут аст.
XS
SM
MD
LG