Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусе аз ҷазираи шиканҷа


Мӯътабар Тоҷибоева, ҳомии ҳуқуқи башари Ӯзбакистон
Мӯътабар Тоҷибоева, ҳомии ҳуқуқи башари Ӯзбакистон

Дар шаҳри Прага филми мустанади Моника Витлок “Андиҷон – куштори пешгӯӣ ва фаромӯшшуда” мурарифӣ гардид. Мӯътабар Тоҷибоева, ҳомии ҳуқуқи башари Ӯзбакистон, ки ба ин муаррифӣ даъват шуда буд, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, муаррифии филм боз як талоши ба гӯши оламиён расонидани ҳақиқати рӯйдодҳои панҷ соли пеши Андиҷон аст.

Хонум Тоҷибоева афзуд, ки то имрӯз дар бораи ҳаводиси Андиҷон филмҳои ангуштшумор навор бардошта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ,”мақомоти ҳифзи тартиботи Ӯзбакистон баъд аз саркӯбсозии тазоҳуроти мардум шикорро болои хабарнигорон сар карда, аксу сабту наворҳои видеоии онҳоро мусодира карда буданд. Баъзе аз аксу наворҳоро онҳо нобуд сохтанд ва аммо бахши аъзами онҳоро алайҳи мардум истифода карданд то собит намоянд, ки тазоҳургарон террорист буданд”.

Тошканд то ҳол оламиёнро гӯл мезанад

Мӯътабар Тоҷибоева меафзояд, дар филми Моника Витлок наворҳои нодире ҷой дода шудаанд, ки ба дасти мақомоти амниятӣ ва интизомии Тошканд нарасиданд. Ва ин наворҳо, ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи башар, беҳтарин баёнгари саркӯбшавии тазоҳуроти Андиҷон аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Ӯзбакистон аст.

Ӯ мегӯяд, “Моника то ҳаводиси Андиҷон ва баъд аз он ҳаводис ҳам дар Ӯзбакистон кор мекард ва зиёд ба Андиҷон мерафт ва дар бораи вазъ дар водии Фарғона гузоришҳо таҳия менамуд. Наворҳои ҳифзшуда, ки Моника истифода кардаст, исбот мекунад, ки ҳукумати Ӯзбакистон бо иддаои кори дасти террористон будани ҳодисаҳои Андиҷон ҷомеъаи байнулмилалиро гӯл мезанаду фиреб медиҳад.”

Ба гуфтаи Мӯътабар Тоҷибоева, “филм нишон медиҳад, ки ин кори террористон нест ва мардум то рӯзи 13 май ҳам гирдиҳамоиҳои осоишта доир мекарданд”.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Ӯзбакистон, 13 майи соли 2005 бар асари саркӯбсозии тазоҳуроти мардуми Андиҷон аз сӯи нерӯҳои интизомии Ӯзбакистон садҳо нафар кушта шуданд. Даҳҳо ҳазор нафар аз таъқиби мақомот дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон панаҳ бурданд.

Маҳбусе аз ҷазираи шиканҷа

Мӯътабар Тоҷибоева меафзояд, ки ӯ дар маҳбас бо иддае аз ширкатдорони ҳаводиси Андиҷон сӯҳбатҳои тулонӣ дошт ва аз нақли онҳо дар бораи азияту шиканҷа шудани афроди баъд аз саркӯбсозии тазоҳурот зиндонишуда маълумоти зиёд дарёфт намуд. Бархе аз он ёддошту шаҳодатҳоро ӯ ба китобаш дар бораи вазъи маҳбусони зиндонҳои Ӯзбакистон ворид намудааст.

Аз хонум Тоҷибоева хостем, ки дар бораи ин китоб чанд сухан бигӯяд. “Ин китоб “Маҳбусе аз ҷазираи шиканҷа” ном дорад ва масъулияти нашру сармоягузории онро Федератсиони байнулмилалии ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар шаҳри Порис, бар ӯҳда гирифтааст. Ин Федератсион мехоҳад китобро ба забонҳои инглисиву фаронсавӣ ҳам тарҷума кунад. Ман мехоҳам тавассути ин китоб ба ҷомеъаи байнулмилалӣ бигӯям, ки дар зиндонҳои Ӯзбакистон чӣ мегузарад, дар онҳо нозирон аз кадом азияту шиканҷаҳо алайҳи маҳбусон кор мегиранд, дар баробари маҳбусон, ба ввижа, маҳбусони сиёсӣ ва рӯҳониён чӣ гуна рафтори ғайриинсониро муносиб мебинанд. Бар пояи маълумоти ман, алҳол 29 маҳбуси сиёсӣ - хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, адибону шоирон бандии маҳбасҳои Ӯзбакистонанд”.

Маҳбусони фаромӯшшуда

Мӯътабар Тоҷибоева вазъи маҳбасҳои Ӯзбакистонро хуб омӯхтааст, зеро ӯ 2 соли 8 моҳро пушти панҷара сипарӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд, ки “ман аввал дар боздоштгоҳи шаҳри Фарғона, баъдан дар маҳбаси Тошканд ва як солу ёздаҳ моҳ дар зиндони занона бандӣ будам. Ман на фақат шоҳиди шиканҷаҳо будам, балки худам қурбонии азияту шиканҷаҳои ин режим ҳастам. Баъди он ки маро ҳасб карданд, аз он лаҳза аз ман талаб карданд, ки ба номи раисиҷумҳур дар бораи авф шудан ариза нависам. Ман бояд менавиштам, ки дар ҳақиқат созмони таҳти раҳбарии ман – созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари “Клуби дилҳои гарм” як ниҳоди ифротгароёнаву зиддиҳукуматист, ки аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ мешавад. Ман аз имзои ин ҳуҷҷат сарпечӣ кардам, зеро медонистам, агар онро имзо мекардам, шояд ба ман озодӣ мебахшиданд ва аммо баъди ин аъзои созмонро, одамонеро, ки маро раҳбари худ интихоб карда буданд, чун узви гурӯҳи ифротгаро боздошту зиндонӣ ва шиканҷа мекарданд. Ман ҳаққи онро надоштам, ки ин одамонро зери хатар гузорам ва ба худ гуфтам, ки агар мекушанд, бигузор танҳо маро эъдом кунанд, на дӯстону ҳаммаслаконамро”.

Ӯ аз он нигарон аст, ки имрӯзҳо бисёр кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ ба сарнавишти маҳбусони сиёсӣ дар Ӯзбакистон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Тамаъҷӯии собитнашуда

Мӯътабар Тоҷибоева моҳи октябри соли 2005 қабл аз парвоз ба як конфарони байнулмилалии ҳуқуқи башар дар Ирландия боздошт шуда буд. Дар он конфаронс ӯ бояд ҳақиқати ҳаводиси Андиҷонро, ки Тошканд рӯи он чанд қабат пардаи асрор гузошта буд, урён мекард. Мақомот эълом доштанд, ки онҳо Тоҷибоеваро дар “тамаъҷӯӣ” гумонбар мехонанд.

Ҳомии ҳуқуқи башар барои гуфтани ҳақиқати ҳол фақат тобистони соли 2008 имкон пайдо кард – баъд аз талошҳои зиёди ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Иттиҳодияи Аврупо, хонум Мӯътабар тавонист зиндонро тарк намояд ва барои табобат ба Аврупо биравад. Ҳамон сол ба ҳомии ҳуқуқи башари ӯзбак олитарин ҷоизаи ҳукумати Фаронса дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар – ҷоизаи “Озодӣ, Баробарӣ, Бародарӣ” эҳто шуд.
XS
SM
MD
LG