Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин гардид. Вай дар сабқати бокс дар вазни то 91 кг мақоми севвумро касб кард.

Ҷаҳон Қурбонов дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Хидир Оразмамедови туркман дастболо шуда, ба нимфинал баромад. Вале шоми 24-уми ноябр барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан аз рақибаш Манприт Сингҳ (Ҳиндустон) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 2:10 мағлуб гашт.

Бояд тазаккур дод, Ҷаҳон Қурбонов дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар чаҳор сол муқаддам дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуда буд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон то имрӯз чаҳор медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гирифтааст. Ёдовар мешавем, нахуст паҳлавони тоҷик Расул Боқиев барои Тоҷикистон дар риштаи дзюдо медали биринҷӣ овард.

Сипас варзишгари дигари тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзандозӣ соҳиби нишони тилло шуд. Баъдан Муродҷон Тӯйчиев дар сабқати гуштии юнониву румӣ барандаи медали биринҷӣ гардид.

Бозиҳои 16-уми осиёӣ дар Чин то рӯзи 27-уми ноябр идома хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG