Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои дӯстонаи футболбозони Тоҷикистону Афғонистон


Дастаҳои мунтахаби милӣ ва олимпии футболи Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозиҳои дӯстона анҷом хоҳанд дод.

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, тими миллии Афғонистон таҳти раҳбарии мутахассиси олмонӣ Клаус Штарк дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимию тамринӣ анҷом медиҳад.

Футболбозони Афғонистон дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе то рӯзи 24-уми ноябр тамрин хоҳанд кард. Ва дар доираи ҷамъомади даҳрӯзаи таълимию тамринӣ баргузории ду бозии дӯстона бо футболбозони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.

17-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад.

Футболбозони Афғонистон бозии дуввуми дӯстонаро бо тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23-юми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода анҷом хоҳанд дод. Ҳарду бозӣ соати 14 шурӯъ мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон сармураббӣ Пӯлод Қодиров 22 футболбозро аз бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон даъват кардааст, ки инҳоянд:

дарвозабонҳо- Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»);
ҳимоятгарон - Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Далер Тухтасунов (ҳама – «Истиқлол»), Сафар Каримов, Даврон Эргашев, Фаррух Чориев (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Асадулло Нуруллоев, Акмал Сабуров (ҳарду – «Вахш»), Исомиддин Қурбонов («Энергетик»);
нимҳимоятгарон - Самад Шоҳзуҳуров («Энергетик»), Иброҳим Рабимов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Парвоз»);
ҳамлагарон - Низом Раҳимов («Хайр»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»), Маҳмадалӣ Содиқов, Юсуф Рабиев (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»).

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (сармураббиаш Шариф Назаров) 22 футболбози ҷавон аз бошгоҳҳои футболи кишвар шомиланд:
дарвозабонҳо – Миралӣ Муродов («Энергетик»), Фаррух Бердиев («Парвоз»);
ҳимоятгарон – Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Шероз Абдуллоев («Парвоз»), Эраҷ Раҷабов («Истиқлол»), Сергей Абрамов (ССКА «Помир»), Аҳтам Назаров, Адиб Мародмамадов, Исомиддин Қурбонов (ҳама - «Энергетик»);
нимҳимоятгарон – Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳама – «Истиқлол»), Абдусамад Ҳоҷибоев, Руслан Раҳматов (ҳарду - «Парвоз»), Бахтиёр Чориев, Самад Шоҳзуҳуров, Расул Файзов (ҳама – «Энергетик»), Умедҷон Шарифов, Абдуқаюм Қарабоев (ҳарду – «Вахш»);
ҳамлагарон – Давронҷон Тухтасунов, Комил Саидов (ҳарду – ССКА «Помир»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»).

Ба гуфтаи Шариф Назаров, бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон як марҳалаи омодагиҳо ба сабқати интихобии Бозиҳои олимпии соли 2012 маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали ин сабқат мунтахаби Тоҷикистон бо тими олимпии Уммон рақобат хоҳад кард. Бозии аввал 23-юми феврали соли 2011 дар шаҳри Масқат ва бозии ҷавобӣ 9-уми март дар Душанбе баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG