Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши сафирони ғарбӣ аз вазъи матбуоти тоҷик


Сафирони Амрикову Бритониё, Олмону Фаронса ва раҳбари ҳайъати ИА дар номае ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз вазъи озодии матбуот дар ин кишвар изҳори ташвиш кардаанд. Сафорати Амрико хабар дод, ки сафирони ғарбӣ аз нашр бозмондани се нашрияи мустақил –“Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” , дар таърихи 3 сентябр, дар рӯзи ҳамлаи интиҳорӣ ба як воҳиди пулиси маҳаллӣ дар Хуҷанд боздошт шудани хабарнигори Радиои Озодӣ Қамари Аҳрор ва гузоришгари сомонаи интернетии “Фарғона.ру” Тилав Расулзода, бо дастури муовини вазири нақлиёту мухобирот Бег Зуҳуров масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии “Avesta.ru”, “Tjknews.com”, “Ferghana.ru” ва “Centrasiа.ru” ва даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи 5 нашрияи мустақили чопи Душанберо аломати бад шудани фазо барои матбуоти мустақил дар Тоҷикистон хондаанд.
Дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон аз 29 сентябр масдуд шуда, дар моҳи октябр чопхонаҳо аз нашри се ҳафтаномаи мустақил даст кашиданд. Ба бовари маҳофили матбуотӣ, ин иқдомот ҳама ангезаҳои сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG