Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Хайр» дар Душанбе


Рӯзи 25-уми октябр ду бозии даври 30-юми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Ду голро капитани дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев (голи аввал аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра) дар нимаи аввали бозӣ ба самар расонд. Голи севуми мизбононро Фарҳод Тоҳиров дар нимаи дуввум зад. Як голи «Хайр» ба Парвиз Турсунов мансуб аст.

Дар бозии дигар ССКА «Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар бар тими меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Давронҷон Тухтасунов (дақиқаи 53-юм) ва Шамсиддин Қосимов (90+2) дар нимаи дуввуми дидор ба ҳадаф расонданд.

Ду бозии дигари даври 30-юм 26-уми октябр миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Энергетик»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 68 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Регар-ТадАЗ», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 61 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Ҳарду даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.

Дастаи «Хайр», ки барои медалҳои биринҷӣ талош дорад, бо 44 имтиёз зинаи севумро касб кардааст. Рақибаш барои ҷои севум – «Вахш», ки се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 43 имтиёз дар ҷои чорум мебошад.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

26

21

5

0

65-14

68

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

25

19

4

2

72-15

61

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

27

13

5

9

47-34

44

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

24

12

7

5

33-22

43

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

26

8

9

9

27-39

33

6.

«Энергетик» (Душанбе)

25

8

3

14

31-39

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

26

7

6

13

33-45

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

26

4

4

18

25-63

16

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

27

1

3

23

17-82

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 26 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 15, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Дилшод Восиев («Истиқлол»), (Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.
XS
SM
MD
LG