Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Покистон кӯмаки молӣ мекунад


Интизор меравад, ки Амрико як бастаи нави кӯмакҳои низомиро ба Покистон эълон кунад, то ҳукумати ин кишвар ба мубориза бар зидди шӯришиён дар кишвар ва дар Афғонистони ҳамсоя кӯмак кунад. Як мақоми расмӣ, ки нахост аз вай ном бурда шавад, қабл аз ин эълон гуфт, ки арзиши ин кӯмакҳо барои 5 соли оянда тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин кӯмак бояд дар Когресси Амрико ба тасвиб расад ва он илова бар кӯмаки 7,5 миллиард долларии Амрико ба Покистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG