Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи Рустами Эмомалӣ дар бозии «Истиқлол» - «Равшан»


Бозиҳои даври 26-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Ду бозӣ ба фоидаи мизбонон ва ду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон ба анҷом расиданд. Мизбонон дар чаҳор бозӣ 10 гол ва меҳмонон 5 гол ба самар расонданд.

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон, бар рақибони худ ғалаба карданд.

«Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба дарвозаи «Равшан»-и Кӯлоб 5 голи беҷавоб зад. Воқеъан, дар ин дидор ҳамлагар Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ду гол зад.

«Регар-ТадАЗ» бошад, дар меҳмонӣ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пас аз нокомӣ дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар меҳмонӣ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Вале рақиби аслии «Вахш» барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқот – дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар Душанбе аз тими мизбон – «Энергетик» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН» - 5:0

Голҳо: Фатҳуллоев, 15 (1:0). Рустами Эмомалӣ, 47 (2:0). Рустами Эмомалӣ, 51 – аз пенолти (3:0). Рабиев, 62 (4:0). Восиев, 90+2 (5:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Тӯйчиев, Раҷабов, Тухтасунов, Сувонқулов, О.Эргашев, Давронов (Восиев, 8), Норқулов, Ҷалилов (Қурбонов, 59), Фатҳуллоев (Франк, 64), Рабиев (Тоҳиров, 70), Рустами Эмомалӣ.

«Равшан» (Кӯлоб): Тошев, З.Рустамов, Н.Рустамов, Шоҳғиёсов (Исҳоқов, 64), Каримов, Саидов (И.Иброҳимов, 62), Наимов, Фаррухи Ҷӯрахон, И.Шонов, Камолов (Абдуллоев, 46), Мирҳайдаров.

Огоҳӣ гирифтанд: Қурбонов («Истиқлол»), Саидов, Н.Рустамов («Равшан»).
Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

«ХУҶАНД» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1:2

Голҳо: Рабимов, 8 (0:1). Каримов, 38 (0:2). Умаров, 57 (1:2).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Баротов, Умаров, Турсунов, Комилҷонов, Попов, Сангинов, Гян (Бердиқулов, 81), Расулов (Муродов, 69), Умматқулов, Ҷалолов (Ҷ.Эргашев, 78), Абдулхайров (Иброҳимов, 42).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Додов, Д.Эргашев, Ф.Чориев, Каримов, Элайҷа (Х.Рустамов, 64), Маҳмудов, Рабимов (М.Рустамов, 64), Ҳасанов (Холбеков, 71), Эминов, Оливейра, Н.Ҳакимов (Равшанов, 90).

Огоҳӣ гирифтанд: Сангинов, Комилҷонов («Хуҷанд»), Ҳасанов, Д.Эргашев, Каримов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Олим Норбоев (Душанбе).

«ПАРВОЗ» - «ВАХШ» 1:3

Голҳо: Ҳамроқулов, 22 (0:1). Усмонов, 38 (0:2). Ғайбуллоев, 57 (1:2). Қарабоев, 90 (1:3).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Маҳкамов, Раҳматов, Қосимов, Мирабдуллоев, Таваккалов, Раҳимов (Эргашев, 80), Хоҷибоев, Паллаев (Ҳакимов, 44, Ҳикматуллаев, 86), Ф.Шарифов (Ҳасанов, 73), Эгамбердиев, Ғайбуллоев.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Саидраҳмонов, Заҳурбеков, Неъматов, Нуруллоев, К.Ортиқов, Сабуров, Б.Шарифов (Қарабоев, 87), Хоҷаев (Хоҷамов, 77), Содиқов, Усмонов (Зардиев, 90+1), Ҳамроқулов.

Огоҳӣ гирифтанд: Маҳкамов («Парвоз»), Неъматов, Нуруллоев («Вахш»).

Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХАЙР» - 3:0

Голҳо: Бурҳонов, 44 (1:0). Неъматов, 69 (2:0). Неъматов, 88 (3:0).

«Энергетик» (Душанбе): Муродов, Мансуров, И.Қурбонов, Исломов, Мародмамадов, Файзов, Чориев, С.Мирзоев, Шавкати Ҳотам (Авазов, 59), Бурҳонов (Мирзозода, 90), Неъматов (Н.Шарифов, 90+4).

«Хайр» (Ваҳдат): Воҳид Обидӣ, Нуриддинов, Идиев, Турсунов, Ҷ.Ҳабибуллоев (П.Оев, 73), И.Ҳабибуллоев, Д.Шарифов, Ҷ.Оев, Юнусзода, Зарифов (О.Исмоилов, 46), М.Мирзоев.

Огоҳӣ гирифтанд: Мародмамадов, И.Қурбонов («Энергетик»), Юнусзода, Д.Шарифов, М.Мирзоев («Хайр»).

Ронда шуданд: С.Мирзоев («Энергетик»), Ҷ.Оев («Хайр»), 90+4 – барои занозанӣ.

Сардовар: Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав).

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

22

17

5

0

50-11

56

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

23

17

4

2

64-14

55

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

23

11

4

8

40-30

37

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

21

10

6

5

27-20

36

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

23

7

9

7

24-32

30

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

23

7

5

11

32-41

26

7.

«Энергетик» (Душанбе)

22

6

3

13

27-38

21

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

22

4

3

15

23-46

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

23

1

3

19

16-71

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 19 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 11, Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») – 10, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9.
Бозиҳои даври 27-ум:

9-уми октябр (шанбе)
ССКА «Помир» - «Истиқлол»
«Вахш» - «Хуҷанд»

10-уми октябр (якшанбе)
«Хайр» - «Парвоз»
«Равшан» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG