Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти ҷавоизи Татяна Колпакова, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон панҷ медал ба даст оварданд.

Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаи 800 метр ва Алишер Эшбеков дар гурзандозӣ ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Се нафари дигар - Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа, Влада Овчаренко дар давидан ба масофаи 200 метр ва Ҳусниддин Алиев дар партови диск бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG