Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи тирандозии Ҷоми Иттиҳод дар Душанбе


Аз 16-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Неъматулло Абдураҳимзода, сухангӯи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки бо қарори анҷумани панҷуми Шӯрои марказии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир хоҳад шуд, ҳудуди 50 варзишгар аз Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Ин мусобиқа барои бори дуввум дар Клуби ҷумҳуриявии варзишии тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон барпо мегардад. Чунин мусобиқа чаҳор сол муқаддам дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Ба ҳайати ҳар як даста 10 варзишгар (7 мард ва 3 зан) дохиланд. Ширкаткунандагони мусобиқа дар тирандозӣ аз милтиқи пневматикӣ ва таппонча ба масофаҳои 10 метр ва 50 метр қувваозмоӣ мекунанд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин тирандозон, ба мисли Сергей Бабиков, Олег Ғаниев, Георгий Багдасаров, Зарина Бабикова, Ҷамила Мамадова ва Татяна Набиева дохиланд. Воқеъан, Сергей Бабикови пуртаҷриба дар чандин мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва Бозиҳои олимпӣ ширкат кардааст.

Ба гуфтаи Неъматулло Абдураҳимзода, маросими кушоиши мусобиқа 16-уми сентябр, соати 10-и пагоҳӣ дар Клуби ҷумҳуриявии варзишии тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG