Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ афзоиш ёфт.


Мақомоти Покистон дар бораи афзоиши қурбониёни ҳамлаи маргталабона ба постгоҳи полис дар шаҳри Лакки-Марват, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ҳодиса дасти кам 17 нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Миёни кушташудагон мардуми осоишта, аз ҷумла, кӯдакон низ ҳастанд. Субҳи рӯзи душанбе маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба як постгоҳи полис зад.
Ин саввумин ҳамлаи маргталабона дар Покистон дар як ҳафтаи ахир аст. Ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Лоҳур ва Кветта тақрибан сад нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG