Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Оҳ бачаме!!!» - сўзноктарин нолаи модар


Саъдии Юсуфӣ
Саъдии Юсуфӣ

Ду се рўз пеш як писартағоям аз ҷаҳон дар гузашт, ки 40 сол дошту 4 фарзанд. Вақте субҳи рўзи мотам ба хонаи тағоям ворид шудам ҷасади беҷони ўро медидам, ки дар ҳавлӣ рўйи қолинҳо мехобиду атрофаш хешу табор асосан занҳо оҳу нола мекарданд.

Дар миёни садоҳои пурмавҷи оҳу нола, садое ба гўшам расид, ки аз шиддати он рўҳу равонам такон хўрд ва гўйи сўзи он садо оҳанро об мекард.

Ин "оҳ бачаме" гуфта, нола кардани янгаам буд. Гиряву нолаҳои бисёреро дар ҳаёт шунидаам, аммо ҳеҷ яки он ба садои нолаи модар барои фарзандаш баробар нест. Аз лиҳози динӣ амри накуҳидае ҳаст, вале вақте модаре барои фарзандаш мегиряду нола мекунад гўё сўзи он нолаву гиря ҷаҳонро ба коми оташ мекашад, гўё ҷаҳонро месўзонад.

Дар даврони донишҷўӣ, вақте аз ватан дур будам, аз қазо як писарамаам бар асари ғарқ шудан дар дарё дар айни ҷўшу хурўши ҳаёти ҷавонӣ аз ҷони ҷавонаш ҷудо мешавад. Баъди солҳо, вақте амаамро дидам, онқадар талх ба ёди писараш менолиду мегирист, ки гўё худи ҳамон рўз писарашро аз даст дода бошад.

Марги писар ўро сахт шикаставу рўҳафтода намуда буд бо гиря ба ман мегуфт: «дигар тарафи дарёи панҷ нигоҳ карда наметавонам ва ҳар рўзи чоршанбе барои ман рўзи сиёҳ аст». Хонаи амаам дар лаби дарёи Панҷ ҷойгир аст. Тасаввур мекунам то охирин лаҳзаи зиндагӣ чӣ қадар бо сахтиҳо зиндагӣ мекард ва чӣ гуфтаниҳо бо дарёи Панҷ, ки надошт.

Ва акнун ин андеша дар зеҳнам мечархад, ки ҳоли янгаам ҳангоми убур аз қабристони деҳ чӣ гуна хоҳад шуд? Ва наздики он кўҳе, ки ҷигаргўшааш аз он афтидаву мурдааст биравад чӣ эҳсосе дилашро реш мекарда бошад? Чӣ гуфтаниҳо бо он кўҳ, ки надорад. Ин хотирот дар воқеъ ҳар модарро мешикананд ва ин ғамҳо ҳар дилеро об мекунанд.

Ва худоё чӣ бисёранд модароне, ки дар сар то сари гетӣ дар ин шабу рўз ҷигаргўшаҳои худро бо ҳар далеле обхезӣ, заминҷунбӣ, фоҷеа, садама, марги табиъӣ,беморӣ ва…. аз даст дода «оҳ бачаме» гуфта нола мекунанд.

Дар ин моҳи муборак ба даргоҳи илоҳӣ дуои ман ин аст, ки БОР ХУДОЁ ҲАМАИ МО МИРАНДА ҲАСТЕМ ВА БА СЎЙИ ТУ БАРГАРДАНДА, Худовандо!!! намегўям, ки маргро ба таъхир андоз вале дуои хоксоронаи ман ин аст, ки ҳеҷ модаре марги фарзандашро набинад. Омин ё Рабб!!!

Воқеан ҳам чӣ хушбахт мемирад модаре, ки ҷон ба ҳақ дар ҳалқаи фарзандонаш таслим мекунад. Вопасин нафасҳоро дар оғўши ҷигарбандони худ мекашад дар ҳоле, ки рисолати модариро ба ҷо овардаву фарзандонашро ба тахту бахт расонда аст.
XS
SM
MD
LG