Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари шуйюъи бемориҳои кушанда дар Покистон


СММ мегӯяд, дар пайи обхезиҳои харобиовари Покистон то 3,5 миллион кӯдак метавонад ба хатари гирифторӣ ба бемориҳои қаттоли ношӣ аз об рӯбарӯ шаванд. Сухангӯи СММ Мауризио Ҷулиано гуфт, Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои кӯмак ба 140 000 нафар дар сурати эҳтимоли шуйюъи вабо омодагӣ мегирад, вале мояи бештари нигаронӣ, афзуд ӯ, обу беҳдошт аст.
Обхезиҳо манобеъи оби ошомиданиро олуда кардааст.
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун, ки дирӯз ба Покистон омад, бӯҳрони башарии бар асари обхезиҳо пешомада дар ин кишварро “дилшикофкунанда” номид. Ӯ гуфт, ки ин офат то ба 20 миллион нафар ва ба чаҳоряки қаламрави Покистон асобат кардааст.
XS
SM
MD
LG