Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми Барак Обама ба муносибати моҳи Рамазон


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба мусулмонони Амрико ва саросари ҷаҳон ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон таманиёти нек фиристод. Дар паёми Барак Обама, ки онро Кохи Сафед мунташир сохтааст, чунин гуфта мешавад:
"Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ҷаҳонеро, ки мо мехоҳем бисозем ва тағиротеро, ки мо мехоҳем ба вуҷуд ояд, бояд аз қалбҳои мо ва аз ҷомеаҳои мо сарчашма бигирад". Барак Обама гуфт, вай ба нақша гирифтааст, ки дар Кохи Сафеди Амрико ба муносибати моҳи Рамазон ифтор даъват кунад. Ҳоло дар саросари ҷаҳон 1,5 миллиард мусулмон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG