Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Русия ва Булғористон барои бунёди лӯлаи газ


Русия ва Булғористон бо ҳадафи суръат бахшидан ба омодагӣ ҷиҳати бунёди лулаи гази Маҷрои Ҷанубӣ тавофуқномае имзо карданд, ки ин лӯла гази Русияро аз тариқи Баҳри Сиёҳ ба Аврупо интиқол хоҳад дод. Трайчо Трайков, вазири иқтисод ва энержии Булғористон ва Сергей Шматко, вазири энержии Русия, “нақшаи роҳ» барои таҳияи арзёбии муқаддамотии тарҳро имзо карданд. Бар асоси он, моҳи феврали соли 2011 замони дарёфти натиҷаҳои арзёбӣ ва таъсиси корхонаи муштарак барои бунёди лӯлаи 900 километрии Маҷрои Ҷанубӣ таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG