Пайвандҳои дастрасӣ

Гелонӣ аз аҳзоб ва раҳбарони мазҳабӣ кӯмак хост


Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, аз аҳзоби сиёсӣ ва раҳбарони мазҳабии кишвар даъват кард, ки ба ҳукумат дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро кӯмак намоянд. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо мансабдорони ҳукуматӣ ва маҳаллӣ, Гелонӣ хостори баргузории конфаронси миллӣ оид ба таҳияи стратегияи умумии мубориза бо терроризм шуд. Охири ҳафтаи гузашта раҳбари мухолифин Навоз Шариф аз ҳукумати Покистон талаб карда буд, ки ба хотири таъмини суботу амният дар кишвар бо сарони ҷунбиши “Толибон” музокирот анҷом диҳад. Навоз Шариф мутмаин аст, ки “толибон барои гуфтушунид омодаанд”.
Рӯзи панҷшанбе бар асари ду инфиҷори маргталабона дар канори яке аз ҷойҳои муқаддаси сӯфиҳои шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, 42 нафар кушта ва тақрибан 175 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG