Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нокомии муштзанҳои тоҷик дар Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон


Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон, ки дар шаҳри Остона ҷараён дорад, зӯртарин муштзанҳои 16 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 нафар шомиланд. Дар даври муқаддамотӣ танҳо ба ду муштзани тоҷик муяссар шуд, ки бар рақибонашон дастболо шаванд ва ба даври баъдӣ роҳ ёбанд.

Юсуфи Сафовиддин дар рақобатҳо дар вазни то 51 килограмм бар муштзани Ҳиндустон Сунил аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Муштзани дигари тоҷик Баҳодур Каримов дар вазни то 60 кг Насу Алмахайни суриягиро бо ҳисоби 8:1 шикаст дод. Вале ҳарду дар даври баъдӣ мағлуб шуданд.

Муштзанҳои дигари тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 54 кг аз Катсуаки Сусаи ҷопонӣ (1:4), Ораз Афзалшоев низ дар ҳамин вазн аз Дониёр Тӯлаганови қазоқ (2:10), Муҳаммад Мирзоалиев дар вазни то 60 кг аз Ҳайдар Амирзоқови қазоқ (0:5), Сӯҳробшоҳ Фарозов низ дар ҳамин вазн аз Масатсугу Кавачии ҷопонӣ (3:10), Сайидо Самадов дар вазни то 69 кг аз Адриану Лескайи кубагӣ (2:15), Диловаршоҳ Абдураҳмонов дар вазни то 81 кг аз Бао Хвани чиноӣ (1:7) ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Александр Усики укроин (бартарии комил) мағлуб шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гаштанд.

Дар даври ниманиҳоӣ 44 нафар – 25 кас аз Қазоқистон, 5 – Русия, 4 – Куба, 3 – Муғулистон, 2-нафарӣ аз Укроин ва Сурия, якнафарӣ аз Ҷопон, Қирғизистон ва Ҳиндустон ширкат мекунанд.

Барандагони Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон 2-юми июл муайян хоҳанд шуд.

Бояд таъкид намуд, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон, ки барои бори дуввум баргузор шудааст, муштзани машҳури дунё Майк Тайсони амрикоӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат дорад. Воқеъан, Майк Тайсон, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сангинтарин, ки рӯзи 30-юми июн 44-сола шуд, зодрӯзашро дар шаҳри Остона дар ҳалқаи ҳамкасбонаш таҷлил кард.
XS
SM
MD
LG