Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пасрафт ва як пешрафти Тоҷикистон дар гузориши Freedom House


Созмони Freedom House мегӯяд, Тоҷикистон дар риштаи бунёди ҷомеаи маданӣ ба пасрафт роҳ дода, дар озодии матбуот рушд кардааст. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо фасод бештар зоҳириянлд ва натиҷаҳои муҳим надодаанд. Ин ниҳод мегӯяд ба иллати қаноатмандии аксарият аз шеваи раҳбарии президент Раҳмон, таҷрибаи норасои ташкилоти сиёсии мардум, ғами дарёфти ризқу рӯзӣ, дастнорасии маълумоти ҳақиқӣ, ҳуққабозии ҳукумат бо эҳсосоти миллӣ ва қавмии мардум, хотираҳои талхи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 афзоиши талаби аҳолӣ ба тағйири вазъ дар соли 2010 ночиз боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG