Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Бритониё ва Русия барои беҳбуди равобит


Бритониё ва Русия қавл додаанд, ки муносиботи ахиран сардшудаашонро беҳбуд мебахшанд. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё ва Дмитрийй Медведев, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа дар ҳошияи ҳамоиши сарони гурӯҳи Ҷи-8 дар шимоли шаҳри Онтариои Канада дар ин бора гуфтӯгу карданд. Русия ва Бритониё солҳои гузашта муносиботи сарде доштанд ва бахусус бар сари масмум кардани Александр Литвиненко, ҷосуси собиқи Русия дар Лондон дар соли 2006 ва ҳамчунин ихроҷи мудирони ширкати Би Пи Пи Эл Си, аз Русия, ки як ширкати нафтии муштараки Русияву Бритониё мебошад.
XS
SM
MD
LG