Пайвандҳои дастрасӣ

Қонунгузорони Амрико раиси БП-ро саволборон карданд


Қонунгузорони Амрико мақомоти раҳбарии ширкати Бритиш Петролиуми Британияро маҳкум карданд, ки натавонистааст, масъулияти резиши нафт ба обҳои Халиҷи Мексикаро бар дӯш бигирад. Тонӣ Ҳейвордз-раиси иҷроии ин ширкат бори аввал дар давоми ду моҳи резиши нафт ба об дар Когресси Амрико ҳозир шуд. Бино ба гузоришҳо, вай аз додани тавзеҳот дар бораи ҷузъиёти ин ҳодисаи зериобӣ ва натиҷаҳои бозрасӣ саркашӣ кардааст. Қонунгузорони ба хашмомада се соат вайро "саволборон" карданд ва ин ширкати бузурги нафткаши Британияро ба боди интиқод гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG