Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи коршиносон ба сафари Аҳмадинажод


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон тайи соли равон бори саввум аст бо ҳам дидору гуфтугӯ мекунанд. Аз ин пеш сафари расмии раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯи руасои ду ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Наврӯз дар Теҳрон доир шуда буд.

Аз оғози сол чанд мақоми олирутбаи эронӣ, аз ҷумла вазири дифои ин кишвар, дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид анҷом доданд.

Бозгашт ба асли хеш?

Ба гуфтаи коршиносон, анҷоми сафарҳои расмӣ ва музокироти ҳайатҳо далели густариши бесобиқаи равобит миёни ду кишвари ҳамзабон ва ҳамдину ҳамфарҳанг аст.

Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва таҳлилгари Маркази пажуҳишҳои стратегии Тоҷикистон, тавсеаи ин равобитро як амри воқеӣ мехонад ва мегӯяд, ки “робитаҳои миёни ду кишвар ҳудуди 20 соли пеш, баъд аз дарёфти истиқлоли Тоҷикистон бо эҳёи робитаҳои тақрибан фаромӯшшудаи фарҳангӣ оғоз шуданд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ Эрон аз кишварҳои ангуштшуморе буд, ки ба раҳбарони мухолифини тоҷик паноҳгоҳ дод ва миёнҷигари музокироти тоҷикон шуд”.

Ва аммо солҳои тулонӣ робитаҳо дар сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз ҷумла нашри осори адибони тоҷик дар Теҳрон, боқӣ монд ва тарҳҳои бузурги иқтисодӣ фақат баъд аз солҳои 2000 рӯи даст гирифта шуданд. Охирҳои соли 2003 ҳукумати Эрон барои бунёди нақби Анзоб беш аз 31 миллион доллар ҷудо кард, ки 10 миллиони он кумаки ройгон буд. Авоили соли 2006 бошад Эрон барои бунёди нерӯгоҳи Сангтуда-2 180 милион доллар тахсис дод. Тибқи созиши байнидавлатӣ, баъд аз мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтан тайи 12-уним сол Сангтуда-2 моликияти Эрон маҳсуб хоҳад шуд ва сипас дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор мегирад.

Бузургтарин тарҳе, ки ду кишвар ба зудӣ рӯи даст гирифтанианд бунёди роҳи оҳани Эрон–Афғонистон-Тоҷикистон аст, ки созиш дар бораи таҳияи тарҳи фаннӣ ва иқтисодии он моҳи гузашта имзо шуд. Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, баъд аз имзои созиш гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон ва Чин мепайвандад. Ба гуфтаи ӯ, сохмони ин роҳ, ба вижа барои аз вобастагии роҳи оҳани дигар кишварҳо раҳидани Тоҷикистон муҳим аст.

“Истиқлол” ва "Сангтуда 2" – тарҳҳои ноком?

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов ду тарҳи бузурги Эрон – бунёди нақби Истиқлол ва нерӯгоҳи Сангтуда-2 комёб набуданд, зеро бунёди нақб, ҳарчанд ду бор расман ифтитоҳ шуд, то ҳанӯз поён наёфтааст ва бунёди нерӯгоҳ низ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки чархаи аввали нерӯгоҳи Сангтуда-2 қабл аз вақт, яъне охирҳои соли 2009 ба тавлиди нерӯи барқ шурӯъ мекунад ва аммо ҳоло дар замони муқарраршуда, яъне соли 2011, ба гардиш омадани ин чарха зери суол аст. Сабаби нокомӣ ё бо кундӣ татбиқ шудани ин ду тарҳи бузурги Эрон дар чист?

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ки “ҳукуматҳои Эрону Тоҷикистон стратегияи ҳамкориҳоро надоранд ва бигирем, баҳси ироаи 5 миллион доллар барои анҷоми корҳо дар нақб, ҳарчанд гап сари нуфузи Эрон мерафт, моҳҳо идома кард”.

“Мо ба ҳам ниёз дорем!”

Ва аммо бархе коршиносон мутмаинанд, ки Эрону Тоҷикистон ҳарчӣ бештар дар симои ҳамдигар пуштибони муттакоро мебинанд. Гуфта мешавад, ки Эрон моҳҳои ахир баъд аз афзоиши фишори ҷомеаи байнулмилалӣ дар робита ба барномаи ҳастаияш, ба пуштибонии сиёсӣ ниёз дорад.

Тоҷикистон низ, ки аз як сӯ, муносибат бо ҳампаймони стратегияш Русия ҳарчӣ бештар сард мешавад ва аз сӯи дигар, баъди эълони бунёди нерӯгоҳи Роғун мавриди фишори Узбакистони ҳамсоя қарор дорад ва ниёзманди муттакои нерӯманде чун Эрон аст. Ҳарчанд ин муттако худ ҳарчӣ бештар дар инзивои байнулмилалӣ қарор мегирад.

Раҷаб Сафаров, раиси Пажӯҳишгоҳи масоили Эрон, мақараш дар Маскав, ба ҳам ниёз доштани Теҳрону Душанбе дар вазъи феълиро тайид мекунад ва мегӯяд, ки Тоҷикистон ба Эрон бештар чун пуштибони сиёсӣ зарур аст ва ин кишвар омода аст барои чун ҳампаймони худ нигаҳ доштани Тоҷикистон тарҳҳои зиёдеро дар ин кишвар сармоягузорӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ “бар ивази ин ҳама Эрон ба пуштибонии сиёсии Тоҷикистон умед мебандад. Раҳбарони Тоҷикистон, аз ҷумла метавонанд ба пазируфта шудани Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мусоидат кунанд ва ин ибтикорро ба миён гузоранд. Мақомоти Тоҷикистон метавонанд дар ҳама майдонҳои сиёсӣ аз барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ намояд”

Оё Русия ба Эрон рашк мекунад?

Ва аммо оё талошҳои Эрон барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар Тоҷикистон боиси рашки Русия ва жарфтар шудани адами эътимод миёни Маскаву Душанбе нахоҳад шуд?

Раҷаб Сафаров мегӯяд, бидуни шубҳа қаринтар шудани ду кишвари ҳамзабон боиси нигаронӣ ва хашми Маскав мешавад. Ва аммо айни ҳол равобити миёни Тоҷикистону Русия рӯ ба сардӣ ниҳодааст. Ба гуфтаи ӯ, Маскав хуб медонад, ки Эрон метавонад ба осонӣ ва ба муддати тулонӣ ҷойгузини Маскав дар ин кишвар шавад.

Раҷаб Сафаров меафзояд, ки солҳои пеш Эрон зимни таҳияи сиёсати хориҷӣ манофеи стратегии Русия, аз ҷумла дар Тоҷикистонро ба назар мегирифт ва, ба истилоҳ, ҳадди худро мешинохт. Ва аммо моҳҳои ахир, баъди он ки Русия сиёсаташро дар мавриди Эрон каме тағийр дод ва ба талошҳои Ғарб барои эъмоли таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар посухи мусбат дод, Теҳрон низ ҳарчӣ бештар ба манотиқе рӯ меоварад, ки қаблан зери нуфузи Русия қарор доштанд.

Ӯ меафзояд, “комилан рушан аст, ки Эрон роҳҳои нави татбиқи сиёсати худ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои сиёсиро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ба назардошти умумиятҳои забониву диниву фарҳангӣ ва муносибати хосаи Эрон ба Тоҷикистон метавон ҳадс зад, Тоҷикистон нахустин кишваре хоҳад шуд, ки Эрон бидуни нимнигоҳе ба Русия тарҳҳои ҳамкориҳои иқтисодиву туҷҷорӣ, илмиву техникӣ, башарӣ ва ҳатто сиёсии худро пиёда созад".

Ба гуфтаи Раҷаб Сафаров, Теҳрон умедвор аст, ки Тоҷикистон дар густариши равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG