Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод ба мухолифони сиёсиаш ҳушдор дод


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар остонаи тазоҳуроти эътирозии барномарезишудаи мухолифони давлат ба онҳо ҳушдори ҷиддӣ дод. Қарор аст 12-ӯми июн дар рӯзи солгарди интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии ин кишвар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шавад. Аҳмадинежод дар маросими 21-ӯмин солгарди даргузашти Оятулло Руҳулло Хумейнӣ-муассиси ҷумҳурии Исломӣ ин суханонро изҳор дошт. Вай дар сари мақбараи Хумейнӣ дар ҷануби Теҳрон суханронӣ ва мухолифонашро муттаҳам кард, ки онҳо аз хати нишондодаи Хумейнӣ берун мераванд ва аз "душманони сарсахт"-и Эрон ҷонибдорӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG