Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИА аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия


Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй дар нишасти Русияву ИА дар Ростов гуфт, ки ин созмон ҷиддан нигарони вазъи фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорон дар Русия аст.
Ромпуй дар пайи музокирот бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин гуфт, ки нигаронии Аврупо дар мавриди фазои беқонунӣ дар Чеченистон ва дигар манотиқи Қафқози шимолиро низ ба самъи Медведев расондааст.
Лағви раводиди сафар ва навсозии иқтисоди Русия аз дигар масоили матрӯҳа дар нишасти Ростов будааст.
XS
SM
MD
LG