Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъ дар нимҷазираи Корея дар саммити Чжечжу


Афзоиши таниш дар нимҷазираи Корея сарони Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубиро барои баррасии ин мавзӯъ дар як нишаст гирдиҳам овард. Мулоқоти сарвазири Чин Ван Тсибао, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Ли Мен Бак ва сарвазири Ҷопон Юкио Хатояма дар ҷазираи Чжечжуи Кореяи Ҷанубӣ идома дорад.
Вазъ дар нимҷазираи Корея баъди он ноором шуд, ки комиссиюни мустақили байнулмилалӣ бар асари ҳамлаи торпедои Кореяи Шимолӣ ғарқ шудани киштии низомии “Чхонан”-и Кореяи Ҷанубиро собит кард. Дар ин ҳодиса, ки ду моҳ қабл рӯх дода буд, 46 маллоҳ ба ҳалокат расиданд.
Дар нишасти Чжечжу раҳбарони Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ИМА барои пуштибонии Чин аз таҳримҳои нави Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Пхенян талош мекунанд. Пекин ҳанӯз назарашро дар робита ба таниш миёни ду кишвари ҳамсоя иброз накардааст. Мақомоти Кореяи Шимолӣ даст доштани низомиёнашон дар суқути киштиро рад намуда ва ҳушдор доданд, ки дар сурати таҳмили таҳримҳои нави байнулмилалӣ болои кишвар алайҳи Кореяи ҷанубӣ ҷанги воқеъӣ эълон хоҳанд кард.
Ин ҳафта Кореяи Шимолӣ созиш бо Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди ҷилавгирӣ аз бархурд дар баҳр, дар минтақаи баҳсбарангези марзҳои обиро, лағв кард. Бар пояи тасмими Пхенян, аз ин баъд ҳар киштии Кореяи ҷанубӣ, ки дар обҳои Кореяи Шимолӣ пайдо мешавад, мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG