Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои нави Аврупо барои наҷоти Юнон аз бӯҳрон


Мақомдорони Аврупо барои ёрӣ ба Юнон, ки аз бори қарзҳо азият мекашад, барои пешгирӣ аз густариши бӯҳрони қарзи ба дигар қисматҳои Аврупо ба чораҳои фаврӣ даъват мекунанд.

Аксел Вебер, узви шӯрои Бонки марказии Аврупо гуфт, агар Аврупо ба варшикастани Юнон иҷозат диҳад, ин паёмадҳои сангини бесобиқа дар пай хоҳад дошт.

Нахуствазири Юнон Георг Папандреу ҳушдор дод, ки бӯҳрони қарзии Юнон гулхани хурдест, аммо агар онро хомуш карда нашавад, он ба алангаи мудҳиш ва фоҷеаовар барои иқтисоди Аврупо ва тамоми ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страус Кан баъд аз гуфтушунидаш бо ҳукумати Олмон ва раиси Бонки марказии Аврупо Жан Клоде Трише гуфт, “моро имрйз вазъи иқтисодии Юнон нигарон мекунад, аммо ин мушкил фаротар аз ин аст, чунки Юнон бахши минтақаи гардиши пули евро мебошад ва низоми минтақаи евро ба ҳам пайваста аст.”

Қонунгузорони Олмон, ки низ бо Страус Кан мулоқот доштанд, гуфтаанд, ки тибқи иттилои раиси Сандуқи байналмилалии пул, Юнон ба 120 миллиард евро ниёз дорад ва ин қариб се баробар бештар аз он сармоя мебошад, ки бо кишварҳои минтақаи евро ва ин ниҳод ҳамоҳанг шуда буд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел зимни сӯҳбати телефони розӣ шуданд, ки бояд гомҳои собит бардошта шавад. Меркел афзудааст, ба хотири тамоми минтақаи евро кумакҳо ба Юнон бояд тезонида шавад.

Ин даъватҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки аломатҳои берунрафтани бӯҳрони қарзии Юнон ва сирояти он ба бозорҳои Аврупо аз Рум то ба Мадрид мушоҳида мешавад. Рӯзи чаҳоршанбе арзиши евро дар муқоиса бо доллари Амрико бесобиқа поин рафт.

Ангел Гарри, дабири кулли Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, гуфт, имкон дорад, ки Аврупо ба тарҳи наҷоти ҳамсон ба тарҳи наҷоти иқтисоди Амрико ниёз дорад. Дар чаҳорчӯби он тарҳ барои наҷоти ниҳодҳои молӣ Вошингтон беш аз 700 миллиард доллар ихтисос дода буд.

Баъзеҳо бар ин назаранд, ки ҳукуматҳои кишварҳои аврупоӣ ба ёрии таъҷили бояд беш аз 600 миллиард евро равона карда қарзҳои Юнонро харидорӣ кунанд.

Нахуствазири Юнон гуфт, кишвараш намехоҳад, ки кишварҳои минтақаи евро қарзҳои вайро харида пардохт кунанд. Вай афзуд, ки Юнон танҳо ба шартҳои қобили қабули ихтисоси вомҳо ниёз дорад.

Комиссионери Иттиҳодияи Аврупо дар умури иқтисод ва сармоя Оли Рен дирӯз гуфт, тавофуқ дар робита ба тарҳи наҷоти Юнон ба зудӣ ҳосил хоҳад шуд.

Суханони вайро Ангела Меркел низ тасдиқ карда гуфт, замоне, ки Юнон ба шартҳои кишварҳои Аврупо ва ниҳодҳои молӣ мувофиқа кунад, Олмон саҳми худро хоҳад гузошт.

Ин дар ҳолест, ки баъзе сиёсатмадорони Аврупо изҳори ақида мекунанд, ки аломатҳои сирояти бӯҳрони Юнон ба дигар аъзои минтақаи евро заифанд.

XS
SM
MD
LG