Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот алайҳи тамдиди ҳузури сипоҳи Русия


Имрӯз чанд ҳазор нафар дар баробари порлумони Украина алайҳи тамдиди ҳузури сипоҳи нерӯҳои баҳрии Русия дар кишварашон эътироз карданд. Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украина ба эътирозгарон гуфт, тамоми нерӯҳои мухолифи кишвар бояд муттаҳид шаванд ва ба қарордоди мазкур мухолифат кунанд. Дигар ин ки Сергей Тигипко, муовини нахуствазири Украина дар умури иқтисодӣ, дар сӯҳбате бо хабаргузории Ассосейтед Пресс, раиси ҷумҳур Виктор Януковичро барои шеваи имзои қарордоди мазкур интиқод кардааст. Вай гуфтааст, “музокироти махфӣ дар мавриди қарордод ва ниҳоӣ кардани он дар паси дарҳои баста” чизе нест, ки миллати Украина мехост. Қарордод доир ба тамдиди ҳузури сипоҳи нерӯҳои баҳрии Русия дар шаҳри бандарии Севастополи Украинаро, рӯзи чаҳоршанбе Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович имзо карданд. Бар асоси он нерӯҳои Русия баъди соли 2017 ҳам дар Севастопол хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG