Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Сургути Русия Аниса Фатҳиддинова, муҳоҷирзани 37 солаи тоҷик ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Ин хабаррро аз ҳамдиёронамон шунида басо ба риққат омадам ва маро ҳолате пеш омад, шабеҳ ва ҳатто сангинтар аз он ки ҳангоми шунидани куштори Хуршедаи 9-сола аз дасти сартарошидаҳои рус гирифтори он шуда будам.

Зеро Анисаро, ки аз замони кӯдакиаш мешинохтаму бо падари шодравонаш дӯстӣ доштам, тибқи иттиҳомоти қаблӣ дар ғурбат, на авбошон ва ҷинояткорони қавмҳои дигар, балки худи ҳамдиёр ё ҳамдиёронаш куштаанд ва ин куштор ба эҳтимоли қавӣ ҷанбаи молӣ дорад.

Мо барои ба даст овардани иттилои расмӣ ба Александр Копилов, муфаттиши додситонии шаҳри Сургут занг задем, вале эшон бо назардошти идома доштани парвандаи ҷиноӣ, аз шарҳи ин куштор худдорӣ намуд.

Вале Фахриддин Фатҳиддинов, бародари хурдии Аниса, ки дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад, бо такя ба иттилое, ки аз кормандони ниҳодҳои интизомии шаҳри Сургут ба даст овардааст, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки алъон дар робитаи куштори хоҳараш ду фарзия мавҷуд аст ва Рустам ном ҷавони 24-сола дар ин фоҷиа даст доштанашро ба гардан гирифтааст.

Ба гуфтаи Фахриддин, «ҷавонони қарздор барои қарзашонро бозпас нагардонидан ба ин ҷиноят даст задаанд».

Вале дар робитаи фарзияи дуюм, Фахриддин изҳор кард, ки шояд куштор фармоишӣ бошад ва чун алъон бозрасӣ идома дорад, дар бораи фармоишгар наметавон ҳадс зад.

Некхоҳии Аниса ва фарҷоми ин некӣ

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Фахриддин, қаблан дар сӯҳбатҳо бо бародарон низ Аниса гуфта будааст, ки вай ба як ҳамдиёраш маблағеро, мувофиқи як гуфта 60 ҳазори русӣ ва тибқи гуфтаи дигар 150 ҳазор рубли русӣ қарз додааст.

Ба гуфтаи Фахриддин, Аниса баъди сипарӣ шудани чанд моҳи қарздиҳӣ як - ду дафъа талаб мекунад, ки ҷавони қарздор пулро бозпас бидиҳад, зеро вай ба он ниёз дорад. Рустам мегӯяд, ки пул надорад. Вале баъди чанд рӯзи дигар ба вай занг зада хабар медиҳад, ки маблағ омода асту онро омада бигирад.

Ва ҳамон рӯз, яъне 1 феврал Аниса аз хона баромада дигар барнамегардад. Аниса дар хонаи пирзани рус ҳамроҳи ду фарзандаш зиндагӣ мекард ва чун он рӯз барнамегардад, пирзан парешон шуда ба ҳамдиёрон хабар медиҳад ва яке аз аввалинҳо шуда аз нопадид шудани ӯ ҳамдеҳааш Мунира огоҳ мешавад.

Мунира мегӯяд: «Рӯзи 1-уми феврал Умед ном ҷавон, ки дар шинoснома номаш Рустам будааст, телефон мекунанд, ки «биё ман пулатро медиҳам ва Аниса ба ин гап бовар карда баромада меравад. Рӯзи 2 феврал писарчаҳояш ба ман телефон карда пурсид, ки мабодо модарам ба хонаи шумо нарафтаанд? Ман ҳайрон шуда ҷавоби рад додам ва онҳо хавотиромез гуфтанд, ки модарашон дирӯз баромада рафтаасту то ҳол даракаш нест. Баъд ман ба соҳибхона занг зада пурсидам, ки чӣ гап шудааст? Вай гуфт, ки дирӯз Умед ном бача занг заду дигар Аниса наомад. Баъди се рӯз вақте мо ба милиса ариза навиштем, кормандони милиса бо мо сӯҳбат ва пасон Рустамро боздошт кард».

Қотил як ё якчанд нафар?

Ба асоси бозрасӣ, ки алъон идома дорад, маълум мегардад, ки Рустам Анисаро ба мошине, ки бо пули қарздодааш харида буд, бо роҳи фиреб ё ҷабран савор карда ба ҷангал мебарад ва ваҳшиёна ба қатл мерасонад.

Баъди ҷустуҷӯйҳои зиёд ва сипарӣ шудани 35 рӯз аз ин ҳодиса ҷасади Анисаро дар ҷангал пайдо мекунанд. Фахриддин ба ин бовар аст, ки ин ҷиноят кори танҳо як худи Рустам нест ва дар ин ҷиноят ҳамдасти ӯ низ бояд бошад.

Зеро ба мошин савор карда ба ҷангал бурда куштан барои як нафар кори сангин аст ва шояд боз каси дигаре буд, ки Анисаро ҷабран дар мошин нигоҳ медошт ва ё барои анҷоми ин ҷинояти мудҳиш Рустамро ҳамроҳӣ кардааст.

Аниса муборизи роҳи истиқлол буд

Аниса ҳам чун ҳазорон зани тоҷик дар Тоҷикистон омӯзгор буд ва ба шогирдон аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод.

Ӯ ҳанӯз айёми донишҷӯӣ дар солҳои аввали навади садаи гузашта ба сафи ҷавонони худшиноси тоҷик пайваста буд ва дар гирдиҳамоиҳои майдони “Озодӣ” ва “Шаҳидон” ширкат дошт ва ҳатто ҳамроҳи ҳамсолонаш, тавре мегуфт, ба сафи ҷавонони занҷирбадасти майдони “Озодӣ” ҳамроҳ шуда, гуруснанишинӣ карда буд ва чун садҳо ҷавонони бедори тоҷик барои ба истиқлолият расидани кишвараш саҳм дошт.

Ӯ баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1995 дар Ашт омӯзгор шуд. Вале дар зиндагии шахсӣ баъди вафоти падараш Муҳиддин Фатҳиддинов, ки яке аз ашхоси рӯшанфикри ноҳия буд, ӯро нокомиҳо гиребонгир шуд.

Ӯ ва хоҳараш Мастураро ба ду бародар, яъне ба як хонавода ба шавҳар доданд, вале зиндагии Аниса бо шавҳараш созгор наомад ва шавҳараш бадахлоқӣ карда ва дере нагузашта аз болои Аниса зани дигаре гирифт. Тавре Мунира мегӯяд, Аниса ба хотири ду фарзандаш ва барои ин ки носозии онҳо мабодо, зиндагии хоҳарашро низ халалдор насозад, ба ҳама мушкилот тоқат кард.

Ба гуфтаи Мунира, Аниса дар Сургут ба ҷузъ он ки дар мағоза кор мекард, барои ин ки фарзандонаш бепадар тарбия ёфтани хешро эҳсос накунанд, боз шабҳо санбӯсаву хӯрок пухта мефурӯхт.

Ба замми ин, дар бозрасии автомобилӣ чун корманди ғайриштатӣ фаъолият мекард ва борҳо вай ба ҳаммилатонаш, аз ҷумла ба худи Мунира низ ёрӣ расонида буд.

Фахриддин бародари хурдии Аниса мегӯяд, ки онҳо аз чунин дилсӯзии хоҳарашон ва ҳамеша ба ҳаммиллатонаш расонидани ёрии молӣ огоҳ буданд ва ҳатто таъкид карда буданд, ки дар масъалаи муомилоти молӣ эҳтиёткор бошад.

Вале Аниса бештар дар фикри худ не, балки дар андешаи дигарон буд, аммо мукофоти амалаш он шуд, ки вай ҳеч умедвораш набуд. Фахриддин мегӯяд, «таври маълум, ба муҳоҷирон дар он ҷо маблағ зиёд лозим мешавад ва хоҳарам дар ин масъала онҳоро дастгирӣ мекарданд. Фарзандонашонро, ба азоби худ нигоҳ накарда, дар мактабҳои нағз мехононданд ва мактаб ба фарзандонашон ва худи он кас чандин ифтихорномаву ташаккурномаҳо додааст».

…ва аз дасти насли замони истиқлол кушта шуд

Вақте бо зиндагии Аниса аз наздик ошно гардидем, баъзе ҷузъиётҳое пайдо гардид, ки касро ба андеша водор мекунад. Аниса замоне ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз кард, ки шахси муттаҳам дар куштори ӯ, Рустам тоза мактабхон шуда буд. Ин намояндаи насли нави мактаби истиқлол, устоди хешро барои маблағе кушт.

Ҳамчунин, тавре Фахриддин гуфт, қотил то охирин лаҳза кушторро ба гардан намегирад ва гуфтааст, ки баъди гирифтани маблағ Аниса ба шаҳр баргаштааст. Вале дар ҷараёни бозрасӣ маълум мегардад, ки охирин занг ба телефони ҳамроҳи Аниса аз Рустам расида.

Ҳамчунин кормандони ниҳоди интизомӣ бо ёрии моҳвора муайян мекунанд, ки Рустам аз ҷангал, аз наздикии ҷои куштор занг задааст, то мошини дар бероҳа ғӯтидаашро берун кашанд. Вале алъон ба бозрасӣ муяссар нашудааст, ки ҳамон ронандаи мошини КАМАЗ-ро, ки ноогоҳона ба қотилон барои аз ҷангал баровардани мошинашон ёрӣ додаст, пайдо намоянд.

Муайян кардани ин нукта, ки дар ин куштор ба ҷузъ Рустам боз ашхоси дигар даст доштанд ё на душвор гардидааст. Вале Фахриддин умед дорад, ки кормандони ниҳодҳои бозрасӣ ин парвандаро бо ҳама хурдтарин ҷузъиёташ бозрасӣ хоҳанд кард ва муттаҳам ё муттаҳамонро мувофиқи ҷинояти содиркардаашон ҷазо хоҳанд дод. Фахриддин мегӯяд, «мо бо ҳамин мазмун номае унвонии додситонии шаҳри Сургут фиристодем ва чунин талабро ба миён гузоштаем».

Муҳоҷират ба хотири ояндаи фарзандон


Вале Анисаи шодравон, ба гуфтаи Мунира, бо дарки вазъи мавҷудаи кишвараш ва ба хотири ояндаи писаронаш, ки ҳоло яке дар синфи 7 мехонаду дигар тоза ба мактаб рафтааст, тарки Тоҷикистон кард, то онҳо дар Русия соҳиби маълумот гарданд ва фардо инсонҳои бофарҳанг шаванд ва ба ӯ ва ҷомиа хидмат кунанд.

Вале Анисаи ноком орзуҳояшро ба хок бурд ва ба вай муяссар нашуд, ки чун модар рӯзҳои хуши фарзандони дилбандашро бубинад ва шодмонӣ кунад, ки вай барои онон беҳуда заҳмат накашидааст.

Ҷасади Анисаро баъди 35 рӯзи куштор дар ҷангали Сургут аз рӯи сабти сӯҳбатҳои телефонии Рустам аз тариқи моҳвора пайдо мекунанд ва ҷанозаи ӯро ба Тоҷикистон бурда дар зодгоҳаш деҳаи Ашт ба хок месупоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG