Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Карзай бо Клинтон


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба манзури дубора оддӣ сохтани равобити давлаташ бо Вошингтон бо вазири хориҷаи Амрико гуфтугӯи телефонӣ дошт. Ин сӯҳбат ба дунболи изҳороти ахири Карзай аст, ки ҷомиаи байналмилалиро дар раҳбарии тақаллуби густардаи интихоботи моҳи августи раёсатҷумҳурии Афғонистон айбдор кард. Вошингтон мегӯяд, Карзай дар ин сӯҳбат ба Клинтон изҳороти ахири худро шарҳ дода, дидгоҳаш дар мавриди бурду бохти ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистонро низ изҳор доштааст.
Қаблан мақомоти Амрико иттиҳомоти эълонкардаи Карзайро “изтиробовар” ва “бепоя” унвон карда буданд. Карзай гуфта буд, сафоратҳои хориҷӣ ба манзури рӯи кор овардани як давлати дастнишонда ва муздур барои тақаллуби густарда дар интихоботи ахир замина муҳайё карданд.
XS
SM
MD
LG