Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Чин аз тасмими ахири Google


Як мақоми Шӯрои давлатии иттилооти Чин, ки назорат бар Интернет дар Чинро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, ширкати интернетии Google “тааҳҳуди хаттӣ”-и ба мақомоти Чин супурдаашро поймол карда, ба манзури хатми сонсури ҷустуҷӯи манобеъи интернетӣ бо забонӣ чиноӣ “аслан коре накард.”
Ин дар ҳолест, ки Google дирӯз гуфт, ба қатъи сонсури манобеъи чиноии Интернет ва роҳнамоии корбаронаш ба як сомонаи мустақар дар Ҳонгконг шурӯъ кардааст.
Кохи Сафед бо ин ҳол, изҳори таассуф кардааст, ки мақомоти Чин ва ширкати Google натавонистанд ба тавофуқ даст биёбанд.
Вошингтон аммо афзуда, ки маъмурияти Барак Обама ба тааҳҳудоташ дар мавриди озодии Интернет пойбанд буда, мухолифи сонсур боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG