Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду бомбгузори маргталаб дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ду бомбгузори маргталабро, ки бурқаъ ба бар карда буданд, ҳангоми саъйи вурудашон ба қароргоҳи муассисаҳои хайрия дар вилояти Ҳилманд куштанд. Довуд Аҳмадӣ - сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, ҳарду бомбгузор зери бурқа маводи мунфаҷира доштанд ва ба муҳофизони қароргоҳи Муассиси Байналмилалии Имдод ва Рушд дар ноҳияи Лашкаргоҳ тир андохтанд. Ба гуфтаи вай, ҳангоми даргирӣ, маводи мунфаҷираи яке аз маргталабон таркида ва ҳардуро куштааст.
XS
SM
MD
LG