Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи аршади толибон дар Мӯҳманд


Аз Покистон дар бораи ҳалокати як фармондеҳи аршади ҷунбиши “Толибон” хабар расид. Ба иттилоъи манбаъҳои низомии Покистон, Фақир Муҳаммад рӯзи ҷумъа бар асари мушакборони як чархболи низомӣ дар минтақаи Мӯҳманди воқеъ дар марз бо Афғонистон кушта шудааст. Чархбол сӯи бинои мушак андозт, ки ҷо гурӯҳи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат панаҳ бурда буданд. Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, афроде, ки дар ин бино буданд, ягон шонси зинда мондан надоштанд. Айни ҳол ин иттилоъ аз сӯи худи “Толибон” рад ваё тасдиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG