Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони «Вахш» муайян шуданд


Рӯзи 5-уми март қуръакашии Ҷоми раиси АFC-2010 дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё - шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё - баргузор шуд.

Дар сабқати интихобӣ, ки аз 6-ум то 16-уми май доир хоҳад шуд, дастаҳои қаҳрамони футболи 11 кишвари қора ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нагакорп»-и Камбоҷа,
«Ринаун»-и Шри-Ланка ва қаҳрамони Покистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Абахан»-и Бангладеш, «Йоеди»-и Тайван ва қаҳрамони Непал дохил шуданд. Ба гурӯҳи «С» се даста - «Яданабон»-и Мянмар, МТТУ-и Туркманистон ва «Друкстарс»-и Бутан шомил гаштанд.

Макони баргузории мусобиқа дертар маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG