Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико ва озодии матбуот дар Тоҷикистон


Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе аз парвандаҳои додситонӣ бар зидди 5 нашрияи мустақили Тоҷикистон "Азия Плюс", "Озодагон", "Фараж", "Пайкон" ва "Миллат" изҳори нигаронӣ кардааст. Дар иттилоияи сафорат гуфта мешавад, ки расонаҳои хабарӣ бо мақолаҳои худ дар бораи фаъолияти ҳукумат, ифшо сохтани беадолатӣ ва таъмини таҳлилҳои мустақилона дар таҳкими ҷомеаи собит нақши хеле муҳим бозӣ мекунанд. Сафорат гуфтааст, чунин даъвоҳои додгоҳӣ метавонад боиси қатъи фаъолияти нашрияҳо шавад, ки он зарбаи ҷиддӣ ба озодии матбуот мебошад.
XS
SM
MD
LG