Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши пурқурбонии интиҳорӣ дар Нангарҳор


Хабари дигар аз Афғонистон мегӯяд, таркиши интиҳории бомб дар маҳалли гирдиҳамоии раҳбарони қабоил ва беҷошудагон дар шарқи Афғонистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 14 нафар шуд. Генерали пулис Муҳаммадайюб Солангӣ гуфт, дар ин гирдиҳамоӣ дар вилояти Нангарҳор тақрибан 200 паноҳандаи тоза аз Покистон баргашта ҳузур доштанд. Сухангӯи пулис гуфт, бар асари инфиҷор Ҳоҷӣ Замон Ғамшарик, як раҳбари бонуфузи қабилаи маҳаллӣ низ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG