Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон талош кардааст кӯдакеро фурӯшад


Додгоҳи шаҳри Истринский воқеъ дар наздикии шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми талоши фурӯши кӯдак ба 4,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости-и Русия иттилоъ додааст. Ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бо номи Фирдавс Эгамов хостааст кӯдакеро дар ивази 100 000 рубли русӣ фурӯшад. Ҷараёни расидагӣ исбот кардааст, ки ин кӯдакро як зан, шаҳрванди Ӯзбекистон дар ихтиёри Фирдавс Эгамов гузаштааст ва гуфтааст, ки ҳар моҳ барои тарбияи кӯдакаш ба Эгамов маблағе пардохт мекунад. Вале баъд аз чанд муддат ин зан аз пардохти ҳақ даст кашидааст ва Эгамов дар ҷустуҷӯи шахсе афтодааст, ки ба харидории кӯдак омода аст.
XS
SM
MD
LG