Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ба ЕЭП Тоҷикистону Қирғизистонро намехоҳад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, кишвараш омода нест, Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба таври сунъӣ ба қаламрави ягонаи иқтисодӣ ворид кунад. Медведев гуфтааст: "Мо тасмимро дар бораи қаламрави ягонаи иқтисодӣ ба тасвиб расондем ва тибқи мӯҳлати пешбинишуда онро амалӣ мекунем. Ин бад-он маъно нест, ки мо Қирғизистону Тоҷикистонро ба таври сунъӣ ба он ҷалб мекунем". Раиси ҷумҳури Русия сабабҳои чунин изҳороташро шарҳ додааст ва гуфтааст, ки ин ду кишвар барои вуруд ба ин қаламрав чандон омода нестанд. Гузашта аз ин, вай аффзудааст, ки "роҷеъ ба баъзе аз ин кишварҳо Русия суолҳое дорад". Ба гуфтаи Медведев, ин кишварҳо тарафи ҳамкоранд, вале он чунин маъно надорад, ки ба онҳо имтиёз дода шавад. Русияву Белорус ва Қазоқистон ба қаламрави ягонаи иқтисодӣ ворид мешаванд. Вале Медведев гуфтааст, ки дар бораи кишварҳои дигар худаш тасмим мегирад.
XS
SM
MD
LG