Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба табодули зиндониёни Эрону Амрико


Cе амрикоие, ки дар Эрон зиндониянд.
Cе амрикоие, ки дар Эрон зиндониянд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, пешниҳод кардааст, ки зиндониёни Эрон бо зиндониёни Амрико табодул шаванд.

Эрон се сайёҳи амрикоиро дар зиндонҳои худ нигаҳдорӣ мекунад.

Аҳмадинажод дар мусоҳиба аз телевизиони давлатии худ изҳор дошт, ки гуфтугӯҳо дар бораи имкони табодули се сайёҳи амрикоӣ бо чанд эронӣ, ки солҳост дар Амрико зиндонӣ ҳастанд, идома дорад.

Аҳмадинажод аз ин бештар чизе нагуфт, аммо моҳи декабр Эрон феҳристеро чоп кард, ки дар он номи 11 эронӣ оварда шуда буд. Онҳо дар зиндони Амрико ба сар мебаранд. Дар ин феҳрист, аз ҷумла як донишманди ҳастаии Эрон низ ҳаст , ки дар Арабистони Саудӣ бедарак шуда буд.

Се сайёҳи амрикоӣ, ки дар Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, моҳи июни соли гузашта аз Курдистони Ироқ ҳангоми сайёҳат надониста, ба қаламрави Эрон гузаштанд. Эрон мегӯяд, онҳоро муҳокима мекунад, вале рӯзи мурофиаро эълон накардааст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфтааст, аз пешниҳоди Эрон истиқбол мекунад, агар Эрон омода аст, ки се нафар сайёҳони амрикоиро аз зиндон раҳо кунад. Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико, ин суханонро баъд аз изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод ба забон овард.

Майк Ҳаммер, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии давлати Обама дар посух гуфт, агар Эрон дар бораи эрониёне, ки дар зиндони Амрико нигаҳдорӣ мешаванд, суоле дошта бошад, Амрико барои посух додан ба ин суол омода аст.

XS
SM
MD
LG