Пайвандҳои дастрасӣ

Боғи Миллӣ ба феҳристи UNESCO ворид мешавад


Бино ба хабари матбуоти маҳаллӣ, Боғи Миллии Тоҷикистон ба феҳристи мероси UNESCO, яъне Созмони Ҷаҳонии Омузишӣ ва Илмиву Фарҳангӣ ворид мешавад. Ин боғи миллӣ бахше аз қаламрави вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдараро дар бар мегирад. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар бораи ворид кардани ин боғи миллӣ ба феҳристи UNESCO як ҷо бо кормандони ин созмон ҳамаи асноди зарурӣ таҳия шудааст ва қарор аст дар ин бора дар иҷлоси 34-ӯми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ тасмим гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG