Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари марги Хуршеда


Ёдам ҳаст, боре ман мизбони барнома будам ва худобиомурз Муҳаммадраҳими Сайдар гузориши худро дар бораи аз ҷониби сартарошидаҳои рус кордкӯб шудани Хуршедаи 9-сола, духтарчаи муҳоҷири тоҷик омода карда буду мехонд.

Он қадар аҳволи рӯҳияш бад буд,ки аз садояш ман чунин эҳсос кардам ки он захмҳои корд қалби ӯро низ пора кардаанд. Зеро ашк ба гулӯяш панҷа мезад,садояшро меларзонд ва маҷоли ҳарф заданро барояш намедод.

Чи марди шарифу поксириште буд Муҳаммадраҳим. Чӣ кунем,ки мардони арзанда умри кам мебинанд ва ёду нақшашон аз худашон дарозумртар аст. Ин аст яке аз қонунҳои нонавиштаи зиндагӣ.

Саъдиё марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст,ки номаш ба накӯйӣ набаранд.
XS
SM
MD
LG