Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти нахустин ва охирин дар соли 2009


Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин ва охирин бозии худ дар соли 2009 дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ин бозии дӯстона бо даъвати Федеросюни футболи Яман сурат гирифта буд ва барои мунтахаби он кишвар ҷузве аз омодагиҳо ба Ҷоми Халиҷ ва Ҷоми Осиё, аммо барои мунтахаби Тоҷикистон ҷузве аз омодагиҳо ба Ҷоми Чолиши Осиё буд.

Торнамои расмии Федеросюни футболи Яман хабар додааст, дар ин бозӣ мизбонон дар пешбурди тӯб то ба хатти ҳимояи меҳмонон мушкил доштанд, чун мунтахаби тоҷикон дар хатти дифоъ хуб буданд ва бо партобҳои сареъ ва кӯтоҳ зуд аз нимаи майдони худ ба ҳамла гузашта, яманиҳоро дар ҳайрат гузошта буданд.

Хабаргузории ямании Сабо низ дар бораи ин бозии дӯстона навишта ва гуфтааст, ҳисоби бозиро нахуст тоҷикон боз карданд. Зарбаи зебои Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-ум аз беруни ҷаримагоҳи рақиб тоҷиконро хушҳол ва мизбононро маҳзун кардааст.

Дар қисми аввал ҳар ду даста боз ҳам имкони голзанӣ доштаанд, аз шонси Даврон Тухтасунов торнамои ФФЯ хабар медиҳад ва торнамои Сабо шонси Фатҳулло Фатҳуллоевро зикр кардааст. Бо вуҷуд, албатта таърифи бештарро бозии мизбонон шунидааст.

Ва дар қисми дуввум бозигарони яманӣ бар ин ҳама таърифот сазовор шудаанд. Пас аз чанд таъвизоте, ки сармураббии хорватии яманиҳо даровардааст, аввал, дар дақиқаи 71-ум бозигари яманӣ Холид Балъида тӯберо, ки аз зарбаи кунҷӣ меомад, ба дарвозаи Алишер Додов равон кард. Сипас, дар дақиқаи 85-ум ситораи футболи яманӣ Алӣ ан-Нуну партоби рафиқаш Акрам ал-Варофиро хуб истифода бурда, ба ин бозӣ нукта гузоштааст. Сармураббии яманӣ ҳамонзамон ҳар дуи ин бозигарро ба истироҳат баровардааст. Мутаассифона, на дар бораи ҳайъат ва на дар бораи таъвизоти мунтахаби Тоҷикистон чизе дигар намедонем.

Аммо он чизе, ки медонем, ин аст, ки рӯзи шанбе, дуюми январ, ҳар дуи ин мунтахаб боз дар ҳамин варзишгоҳ ба ҳам рӯбарӯ хоҳанд омад.

Ёдовар мешавам, ки Пӯлод Қодиров киҳоро ба Яман бурда буд: дарвозабонҳо – Алишер Додов («Регар» ТадАЗ) ва Миралӣ Муродов («Энергетик»), ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (ҳарду аз «Истиқлол»), Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Наим Носиров (ҳарсе – «Регар» ТадАЗ), Асадулло Нуруллоев, Руслан Таваккалов (ҳарду – «Парвоз»), Акмал Сабуров («Вахш»), нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Рагар» ТадАЗ), Ҷомихон Муҳиддинов («Вахш»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Қурбоналӣ Собиров (ҳарсе – «Истиқлол»), ҳамлагарон – Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Даврон Тухтасунов ва Комил Саидов (ҳарду – «Регар» ТадАЗ).
XS
SM
MD
LG