Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати ИМА ба бунёди манзилҳо дар Байтулмуқаддас


ИМА ба бунёди манзилҳои нав дар маҳаллаҳои яҳудинишини қаламрави Байтулмуқаддаси шарқӣ мухолиф аст. Изҳороти Кохи Сафед дар ин бора баъди он нашр шуд, ки Исроил дар бораи тарҳи бунёди 700 манзили нав дар ин минтақа хабар дод. Иттиҳодияи Аврупо низ ин тасмими ҳукумати Исроилро қатъӣ маҳкум кард ва онро хилофи ҳуқуқи байнулмилалӣ хонд.
Қаблан сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар бораи мунҷамид сохтани бунёди хонаҳои нав дар қаламрави ишғолии Каронаи бохтарии руди Урдун тасмим гирифта буд. Ва аммо мақомоти Исроил мегӯянд, ки ин қарори ҳукумат ба Байтулмуқаддаси шарқӣ дахл надорад.
XS
SM
MD
LG