Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳхатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол тамом шуд


Бо анҷоми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки соли оянда дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, 32 тими миллӣ ба ин бозиҳо роҳхат гирифтанд.

Словения бо як голи беҷавоб Русияро маъюс ва аз роҳхати муҳим маҳрум кард. Чунин қисмат насиби Укроин шуд, ки бозиро ба Юнон бо ҳисоби шабеҳ бохт. Бозии Фаронсаву Ирландия бо ҳисоби мусовии як бар як анҷомид, вале пирӯзии Фаронса дар бозии аввал дар Дублин, онро дар хати ҳаракат ба Африқои Ҷанубӣ нигаҳ дошт.

Бахти Португалия ҳам хандид, ки Боснияро бо ҳисоби 1 бар сифр бурд. Тими Алҷазоир бо шикаст додани тими Миср бо ҳисоби як бар сифр, ба орзуи деринааш расид. Аз қораи Амрико Уругвай ба Африқои Ҷанубӣ меравад, зеро аз рӯи ду бозӣ аз рақибаш Коста-Рика бартарӣ ба даст овард.

Бад ин тариқ, 32 мунтахабе, ки соли оянда барои беҳтарини ҷаҳони футбол будан талош хоҳанд кард, инҳо ҳастанд:

Африқо: Африқои Ҷанубӣ, Алҷазоир, Кот.д.Ивуар, Нигерия, Гана, Камерун
Осиё: Австралия, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон
Аврупо: Дания, Фаронса, Юнон, Ҳолланд, Сербистон, Словения, Швейтсария, Инглистон, Олмон, Италия, Португалия, Испания, Словакия.
Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Гондурас, Мексика
Амрикои Ҷанубӣ: Аргентина, Чили, Уругвай, Бразилия, Парагвай,
Уқёнусия: Зеландияи Нав.

Талоши мунтахаби Тоҷикистон дар ин сабқати Ҷоми ҷаҳон-2010 ҳанӯз ду соли қабл бо бохт аз Сингапур дар марҳилаи дуввуми интихобӣ анҷом ёфта буд. Он замон Тоҷикистон дар Сингапур 0:2 шикаст хӯрда буд ва дар Душанбе танҳо ба ҳисоби мусовии 1:1 даст ёфта буд.
XS
SM
MD
LG