Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд шабакаи ягонаи барқро барҳам заданист


Як мақоми аршади ҳукумати Узбакистон изҳор дошт, ки кишвараш ба зудӣ аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ хоҳад гашт. Исо Саъдуллоев, раиси ширкати "Узбекэнерго" мегӯяд, шеваи истифодаи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя сабаби чунин тасмими Тошканд шудааст. Вай афзуд, Тоҷикистон дар соли гузашта ба таври ғайриқонунӣ наздик ба 100 миллион киловатт-соат нерӯи барқро аз шабакаи моли худ кардааст. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чунин баҳс байни Тоҷикистон ва Қазоқистон идома дошта, Узбакистон пайвандаги шабакаи дар байни ду кишвар аст. Мақоми Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, барои интиқоли нерӯи барқ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ва Узбакистон пул талаб хоҳад кард. Дар ҳамиин ҳол мақомоти Тоҷикистон хостори гуфтушунид бо Тошканд дар масъалаи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонанд. Хориҷ шудани Узбакистон аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ метавонад, ҳамаи ин шабакаро ба ҳам занад.
XS
SM
MD
LG