Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ғалабаи Расул Боқиев дар Маскав


Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик
Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик

Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик, дар марҳилаи интихобии Ҷоми бошгоҳии Аврупо-2009 оид ба дзюдо дар Маскав ду пирӯзӣ ба даст овард.

Ду бошгоҳи маъруфи русиягӣ - «Явара-нева»-и Санкт-Петербург ва «Самбо-70»-и Маскав – барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаи пурнуфуз рақобат карданд. Мусобиқа аз ду қисм иборат буд ва ҳамагӣ даҳ қувваозмоӣ баргузор шуд.

Расул Боқиев, ки шаҳрвандии Русияро пазируфт ва дар айни ҳол дар Маскав ба сар мебарад, дар ҳайати бошгоҳи «Самбо-70» дар вазни 73 кг ҳунарнамоӣ кард. Вай, ки барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 мебошад, нахуст бар рақибаш Мансур Исоев, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2009, дастболо шуд. Сипас паҳлавони тоҷик бар рақиби дигари худ Батрадз Кайтмазов, барандаи ҷоизаи мусобиқаи қаҳрамонии Русия, ғалаба кард.

Вале аз рӯи ҷамъбасти даҳ қувваозмоӣ «Явара-нева», барандаи панҷкаратаи Ҷоми бошгоҳии Аврупо, бар «Самбо-70», барандаи секаратаи ин мусобиқа, бо натиҷаи 6:4 ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Расул Боқиев ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 24-уми октябр дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия, ки дар шаҳри Налчики Кабардину Балқар шурӯъ шуд, ширкат меварзад. Вай афзуд: «Ғолибони ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Русия дохил шуда, соли оянда дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо дар Венаи Австрия ва сабқати ҷаҳонӣ дар Токиои Ҷопон ширкат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол ягона мақсади ман даст ёфтан ба унвони қаҳрамони дзюдои Русия мебошад. Бинбар ин бо роҳбарии устодам Владимир Елчанинов ба ин мусобиқа ҳамаҷониба омодагӣ мебинам».
XS
SM
MD
LG