Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони дифои НАТО Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Вазирони дифоъи 28 кишвари узви паймони НАТО имрӯз дар Братислава-пойтахти Словакия стратегияи ин паймон дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО рӯзи панҷшанбе аз кишварҳои узв дархост кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғронистон бештар муттааҳид бошанд. Расмуссен Афғонистонро барои НАТО чолиши аслие арзёбё кард, ки то ҳол ин паймон ба он рӯ ба рӯ нашудааст. Вале вай ҳушдор дод, ки нокомӣ дар Афғонистон метавонад заминаро барои ташдиди фишори шӯришиён ба ҳукумат дар ин кишвари ба Покистони ҳастаӣ ҳамсоя фароҳам орад, вазъро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ноором кунад ва таҳдиди тундравҳо ба Аврупоро афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG