Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯз баъд аз тасмими раисиҷумҳури Амрико дар бознигарии тарҳи сипари зиддимушакӣ дар Аврупо, Дабири кулли НАТО хостори таҳкими равобити ин созмони низомӣ бо Русия шуд.

Андерс Фог Расмуссен зимни суханронӣ дар Брюссел гуфт, ки Паймони Атлантики Шимолӣ барои ҳамкории амалӣ бо Маскав ба хотири муқовимати муштарак ба таҳдидҳои аслӣ ба ҷомеаи байнулмилалӣ омода аст: «Ман мехостам бубинам, ки НАТО ва Русия барои баррасии муштараки таҳдидҳои нави амниятии қарни 21 розӣ мешаванд ва ин пояи қавӣ барои равобити нави мо дар оянда хоҳад шуд».

Изҳороти Раммуссен як сол баъд аз он садо медиҳад, ки ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон равобити НАТО ва Маскавро дар варта қарор дод. Фақат чанд моҳ баъд аз он ҳаводис робитаҳо аз сар гирифта шуданд, вале то ҳанӯз ба кундӣ идома меёбанд. Ва аз нигоҳи коршиносон, изҳороти Расмуссен, ки ду моҳ пеш дар мақоми Дабири кулли НАТО пазируфта шуд, паёми ҷиддӣ ба Русия ва намоишгари он аст, ки Паймони Атлантики Шимол дар пайравӣ ба ИМА дар пайи бознигарии равобит бо Маскав аст.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дирӯз эълом дошт, ки кишвараш тарҳи ҳукумати пешин барои ҷойгирсозии системи зидди дифоъи мушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро лағв кардааст. Ҳамзамон раҳбари Амрико ва вазири дифоъи кишвар Роберт Гейтс изҳор намуданд, онҳо барномаи нави зидди ҳамлаи мушакиро рӯи даст доранд, ки амнияти Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои аврупоияшро аз ҳамлаҳои мушакии Эрон беҳтар таъмин хоҳад кард. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири кишвар Владимир Путин аз тасмими Амрико барои даст кашидан аз бунёди сипари мушакӣ дар Аврупо истиқбол карданд.

Расмуссен зимни суханронӣ дар Брюссел ҳадс зад, ки Амрико, Русия ва НАТО метавонанд дар дар оянда системҳои зидди ҳамлаи мушакии худро муттаҳид созанд. Ҳамзамон Дабири Кулли НАТО иқрор намуд, ки ихтилофи назар миёни НАТО ва Русия, аз ҷумла, дар мавриди имкони узвияти Украина ва Гурҷистон ба Паймони Атлантикаи шимол, боқӣ мемонад ва «онҳо дар як шаб аз байн нахоҳанд рафт». Ва аммо ӯ афзуд, ки сиёсати «боз»-и НАТО алайҳи Маскав равона нашудааст ва Русияву Паймон бояд дар ҳалли бархе мушкилот ҳамкории амалӣ кунанд: «Ман мутмаинам, ки НАТО ва Русия бояд фавран ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар масоиле шурӯъ кунанд, ки мо бо ҳам мувофиқем ва ҳамчунин дар он бахшҳое, ки ба хатару таҳдидҳои ҳамсони амниятӣ рӯ ба рӯ мешавем».

Ба гуфтаи Расмуссен, НАТО ва Русия метавонанд ҳамроҳ дар таҳияи стратегияи нави амният барои Аврупо саҳм бигиранд. Ӯ ҳамчунин аз Маскав даъват кард, ки болои Эрон барои қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи ин кишвар фишор оварад – ҳадаф аз ғанисозии ураниум, аз нигоҳи кишварҳои Ғарб, дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист. Маскав солҳо боз даъватҳои кишварҳои ғарбӣ барои фишор болои Теҳронро нодида мегирад ва коршиносон ҳадс мезананд, ки тасмими Амрико барои лағви тарҳи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ба хотири мутмаин сохтани Маскав дар тағйири сиёсаташ дар қиболи Эрон гирифта шудааст.

Дмитрий Рогозин, фиристодаи Русия дар НАТО суханронии Расмуссенро «басо мусбат ва басо созанда» арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз тасмими ахири Амрико барои бознигарии бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо, зарурате барои дар вилояти Калининград ҷойгир кардани мушакҳои «Искандар» боқӣ намондааст.
XS
SM
MD
LG