Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як таҳлиле, ки ахиран Збигнев Бжезинский ба табъ расонд, дастовардҳои шастсолаи паймони НАТО ва вазифаҳои нави он баррасӣ шудаанд.

Бжезинский, ки дар солҳои раёсатҷумҳурии Ҷиммӣ Картер мушовири президенти ИМА дар умури амниятӣ будааст, мегӯяд, дар асри 20-ум НАТО се вазифаи аслиро ҳал кард: аввалан, НАТО ба ҷангҳои бепоёни шаҳрвандӣ дар мамолики ғарбӣ хотима гузошта, Иттиҳоди Амрикову Аврупоро ба нерӯҳои пешбарандаи ҷаҳон табдил дод.

Сониян, ташкили паймон ИМА-ро водор намуд дар муқобили султаталабии Иттиҳоди Шӯравӣ мудофиаи кишварҳои Аврупоро кафолат диҳад. Сеюм, ин ки паймон, ба таври осоишта, ҷанги сардро ба поён расонида, заминаи бунёди Иттиҳоди Аврупоии васеъшударо таъмин кард.

Дар паи зикри ин дастовардҳо худи Бжезинский суол мекунад, ки пас оё ҳанӯз ҳам масъалае боқӣ мондааст, ки ҳалли он пайдо нашудааст?

Збигнев Бжезинский менависад, имрӯз паймони НАТО бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки миқёси ҷаҳонӣ дошта, то ин замон таърих шоҳиди он набудааст. Ӯ меафзояд, вазъият зидду нақиз аст, зеро аз як тараф, саросари олам аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба ҳамдигар бештару бештар вобаста аст. Аз сӯи дигар, ин вобастагӣ худ боиси афзоиши эътирози мардумӣ шудааст.

Ба ақидаи Збигнев Бжезинский, дар ҳоле ки аҳли олам бо як наҳзати сиёсӣ мувоҷеҳ мебошад, то имрӯз ягон василаи байналмилалии рафъи таҳдидҳову ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ вуҷуд надорад. Бар илова, рушди босуръати Чину Ҳиндустон ва эҳёи баъдиҷангии Ҷопон дар асри 20-ум тавозуни оламро тағйир дода, маркази ҷозибаи ҷаҳониро аз Амрикову Аврупои ғарбӣ ба самти Осиёву минтақаи уқёнуси Ором мечархонад.

Бжезинский идома медиҳад, ки тақсимшавии маркази ягонаи ҷаҳонӣ ба нуқтаҳои мухталиф сарчашмаи низоъҳо буда, НАТО-ро дар ҳоле қарор додааст, ки барои ҳалли қобили қабули қазияи Афғонистон вазифаҳои аъзои паймон ва мизони ширкати низомии онҳоро ташхис кунад. Бжезинский бар ин назар аст, ки аъзои НАТО бояд бидуни саркашӣ дар кумаки низомӣ ва иқтисодӣ ба Афғонистону Покистон саҳм гиранд.

Ба фикри Бжезинский, ҳоло пайдо намудани консенсус ва тавофуқи назар дар байни 28 аъзои паймон як зарра душвортар аст. Аз ин рӯ, моддаи 5-уми оинномаи НАТО ба бозбинӣ эҳтиёҷ дорад ва шояд аснои қабули қарорҳои ба ҷои зикри калимаи "консенсус" зикри аксарияти кулл зарур бошад.

Дар идомаи таҳлили худ Бжезинский навиштааст, ки паймони НАТО бояд ҳадафҳои дарозмуддати стратегӣ бо Русияро тарҳрезиву татбиқ намояд. Ба ақидаи ин шореҳи амрикоӣ, Русия дигар душмани НАТО нест. Ҳарчанд, ки дар ин кишвар ҳанӯз ҳам баъзеҳо НАТО-ро душман меноманд. Бжезинский идома медиҳад, ки бо ҷалби Русия ба ҳамкорӣ ду вазифа иҷро мешавад: Аввалан, амнияти Аврупо ва ҷомеаи Авро-Атлантик таҳким меёбад ва сониян, бо коҳиши даъвоҳои империалистии Кремл Русия дар таҳкими амнияти ҷаҳонӣ саҳми бештар хоҳад гирифт.

Бжезинский имзои қарордоди ҳамкорӣ бо Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии (СПАД) кишварҳои узви ИДМ-ро яке иқдомҳои авввал мешуморад. Ӯ ёдовар мешавад, ки СПАД-ро Маскав ташкил кардаву, дар он бар иловаи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узвият доранд. Шореҳи амрикоӣ идома медиҳад, оғози чунин ҳамкорӣ ба НАТО имкон медиҳад, аз Русия тақозо кунад, ки ба узвияти кишварҳо дар кадом яке аз паймонҳо мухолифат накунад. Дар идомаи ин фикр Бжезинский ба имкони тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби НАТО ва Созмони ҳамкориҳои Шангҳай низ ишора кардааст, ки ба ин восита қудратҳои Осиё ба низоми саросарии таҳкими амният шомил хоҳанд шуд.

Ӯ меафзояд, ки барпо намудани равобити мустақим бо Чин, Ҷопон ва Ҳиндустон айни муддаост.

Хуллас, ба ақидаи мушовири амниятии президенти ИМА дар даврони раёсатҷумҳурии Ҷиммӣ Картер, таҳаввули НАТО ба паймони амниятии ҷаҳонӣ вазифаи фавқулода душвор аст, зеро арзишҳои демократии паймони Атлантики Шимолиро баъзеҳо ба содагӣ қабул нахоҳанд кард. Вале, ба фикри Бжезинский, ин тақозои асри 21-ум аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG