Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ва Русия рӯзи 22-юми июл размоишҳои муштаракеро сар карданд, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими ҳамкории зиддитеррористӣ эьлон шудааст.

Тамринҳои панҷрӯза таҳти унвони "Ҳайати сулҳ - 2009" дар шимолу шарқи Чин дар ҳоле ҷараён мегирад, ки ҳафтаҳое пеш дар хушунатҳои дар даҳсолаҳои охир бесобиқа дар вилояти мусулмоннишини Шинҷон 197 нафар кушта шуданд.
"Авзоъ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Қирғизистон ва Узбакистон хуб нест ва инҳо минтақаи ҳамкории амалии Русия ва Чин мебошанд...

Рӯзнома "Чайна Дейлӣ" ба нақл аз собиқ намояндаи низомии Чин дар Русия, майор Ванг Ҳайюн менависад, "хушунатҳои Шинҷон то андозае ба баргузории ин размоишҳо сабаб гаштаанд. "

Худи Русия дар минтақаи Ингушетияи Қафқози Шимолӣ бо ҳамин гуна хушунатҳо рӯбарӯст ва Русияву Чин ҳамчунин аз афзоиши нооромиҳо дар давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Василий Кашин, таҳлилгари ҳарбии умури Чин дар Пажӯҳишгоҳи Шарқи Дури Академияи илмҳои Русия мегӯяд, "авзоъ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Қирғизистон ва Узбакистон хуб нест ва инҳо минтақаи ҳамкории амалии Русия ва Чин мебошанд. Дар воқеъ онҳо роҳҳои нави мубориза бо ошӯбгарони мазҳабӣ ва уйғурҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд."

Русия ва Чин бо давлатҳои минтақа, монанди Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд ва талош доранд дар ин иттиҳод як паймони анви ҳарбии мухолиф ба НАТО-ро таъсис диҳанд.

Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки нооромиҳо аз Афғонистон ва Покистон метавонанд, ба давлатҳои Осиёи Марказӣ низ сироят кунанд.
XS
SM
MD
LG