Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои Чин барои густариши ҳавзаи нуфуз


Расман ҳадафи сафари президенти Чин Ҳу Ҷинтао ба Осиёи Марказиву Русия ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ва назорати машқҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи ин паймон аст, вале ба навиштаи хабарнигори Рейтерс, дар айни замон, Пекин умед дорад, ки ҳузурашро дар ин минтақаи стратегии саршор аз захираҳои табииро тавсеа мебахшад.
Аснои вуруд ба Бешкек Ҳу Ҷинтао гуфт: "Ман интизори мулоқот бо президент Боқиев ва дигар мансабдорони баландпояи Қирғизистон мебошам. Ман бовар дорам, ки сафари ман ба рушди равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории мо кумак расонда, ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамкориҳои Чину Қирғизистон хидмат мекунад."

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз пуштибонҳои асосии Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай аст, ки мубориза бо терроризму тундгароӣ дар минтақаро вазифаи муҳимтарини худ мешуморад.
Дар нишасти Бешкек дар қатори президентҳои кишварҳои узви созмон, яъне Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо интиқомҷӯӣ аз Амрико маъруф мебошад, иштирок хоҳад кард.
Наздик ба 1200 афсару сарбози амрикоӣ дар Қирғизистон мустақар ҳастанд. Вақтҳои ахир мақомоти қирғиз аз Вашингтон талаб доранд, ки барои истифодаи пойгоҳи канори Бешкек пули бештар диҳанд.
Шореҳи бахши таҳқиқотии маҷаллаи англисии "Экономист" Дункан Иннес-Кар мегӯяд: "Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдори тавесаи ҳамкорӣ бо Чин ҳастанд ва Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай беҳтарин чорчӯбест, ки дар он мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд бо раҳбарони Чин на танҳо масъалаҳои низомӣ, балки ҳамчунин тавсеаи тиҷоратро баррасӣ намоянд".


Шореҳи "Экономист" меафзояд: "Русия ва Чин ду аъзои асосии Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ба ҳам эътимоди зиёд надоранд. Бар илова кишварҳои собиқ Шӯравии тозаистиқлол ҳанӯз ҳам баҳри коҳиши нуфузи Русия талош меварзанд".

Соли 2005-ум дар паи интиқоди таъқиби гирдиҳамоиҳои шаҳри Андиҷон аз тарафи Вашингтон, мақомоти Тошканд нерӯҳои амрикоиро аз Узбакистон берун кашида, ҳузузри ИМА дар Осиёи Марказиро ба қадри назаррас коҳиш доданд.
Чин ҳеҷ гоҳ аз ҳузури ИМА дар ҳамсоякишварҳояш аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиву Япония ё худ Ҷопон ҳушҳол набуд.
Ёвари вазири корҳои хориҷии Чин Лӣ Ҳю мегӯяд, тавре ки соли 2006-ум мушоҳида намудем, касе наметавонад пешбинӣ кунад, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай бо чӣ натиҷае ба анҷом мерасад.
Ӯ афзуд: "Созмон усули машваратҳои муштаракро эътироф мекунад ва Чин ба тасмимҳои кишварҳои узв эҳтиром қоил ҳаст ва хоҳад буд".
Дар машқи низомии имсола, ки аз вилояти Шинҷони Ҷин то минтақаи Челябински Русия тӯл кашидааст, 6500 сарбоз ва 80 ҳавопаймои ҷангӣ иштирок хоҳанд кард.
Ба қавли Чин тамрин комилан дифоӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм машқ хоҳад шуд.
Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки ба таъқиби мухолифини осоиштаи мулкӣ пӯшиши байналмилалӣ диҳанд.
Созмони ғайридавлатии "Иттиҳодияи амрикоии уйғурҳо", ки қароргоҳаш дар Вашингтон аст, мегӯяд: "Миқёси тамрин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай на танҳо муқовимат ба терроризм, балки назорати аҳолии маҳаллӣ мебошад. Чанд сол инҷониб мақомоти Чин бар зидди ҷудоихоҳони уйғури вилояти Шинҷон амалиёти бераҳмона пеш мебарад".
XS
SM
MD
LG